Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ҷаҳонгарди рус дар наздикии Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Русия ҳангоми парвоз бо параплан - як дастгоҳи парвозии бидуни муҳаррик, дар канори шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Павел Чернов, сокини 38-солаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт ва субҳи 10-уми сентябр хост бо параплан парвоз кунад.

"Вале ҳангоми парвоз параплан ба мушкилие рӯ ба рӯ мешавад ва ба замин меафтад. Охирин парвози Чернов ва лаҳзаи суқуташро видеокамераи параплан сабт кардааст,"-навиштааст сомонаи “Невские новости”.

Ҳамсари Павел Чернов талош дорад маблағ ҷамъ карда, ҷасади шавҳарашро аз Тоҷикистон ба Русия барад.

XS
SM
MD
LG