Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Русия хост, Алексей Навалнийро фавран озод кунад


Алексей Навалний ба бештар аз 10 соли зиндон маҳкум шудааст.
Алексей Навалний ба бештар аз 10 соли зиндон маҳкум шудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Русия хостааст, Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи давлатро, ки чанде пеш ба утоқи танбеҳ бурданаш, фавран аз зиндон раҳо кунад.

Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 9-уми сентябр гуфт: “Амрико аз мудохилаҳои худсарона ва афзояндаи Русия ба ҳуқуқи Алексей Навалний амиқан нигарон аст”.

Навалний рӯзи 8-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки мақомоти зиндон ӯро аз ҳаққи мукотибаи маҳрамона маҳрум кардаанд, чун ба қавли онҳо, Алексей Навалний бо “ҳамдастонаш” мукотиба карда ва аз дохили зиндон ба фаъолиятҳои ҷиноятӣ машғул шудааст.

Дар сурати маҳрум шудани зиндонӣ аз ҳаққи мукотибаи маҳрамона, мақомоти зиндон тамоми номаву навиштаҳои ӯ ва номаҳои расида ба зиндониро мехонанд. Навалний рӯзи 7-уми сентябр дар Инстаграм навишт, ки ба ӯ дастур додаанд, ки 15 рӯзро дар утоқи танбеҳ танҳо сипарӣ кунад. Бори чаҳорум аст, ки ин сиёсатмадори мухолифро дар зиндон чунин танбеҳ медиҳанд. Ӯ дар зиндони Мелехово дар 260 километрии шарқи Маскав нигаҳ дошта мешавад.

Нед Прайс маҳрум кардани Алексей Навалний аз ҳаққи мукотибаи маҳрамонаро танқид кард ва гуфт, ки танбеҳҳои пайвастаи Навалний дар зиндон далели дигаре аз сиёсӣ будани парвандаи ӯст.

Алексей Навалнийро соли 2020 бо гуноҳи тақаллуби молӣ, таҳқири додгоҳ ва риоят накардани меъёрҳои зиндони шартӣ ба ёздаҳуним соли зиндон маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG