Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони мухолифи Путинро ба идораи милиса даъват кардаанд


Шиори мухолифони давлати Русия дар шаҳри Санкт Петербург. Рӯзи 15-уми сентябри соли 2012.
Шиори мухолифони давлати Русия дар шаҳри Санкт Петербург. Рӯзи 15-уми сентябри соли 2012.

Ҳафт вакили мардумии шаҳри Санкт Петербургро, ки бо ирсоли номае аз Думаи давлатӣ хостанд, раиси ҷумҳур Владимир Путинро барои ҷанги бедалел дар Украина ба хиёнат гунаҳкор кунад, ба идораи пулис даъват кардаанд.

Вакилони ноҳияи Смолний дар Санкт Петербург шоми 8-уми сентябр аз идораи милиса смс ва паёми телефонӣ гирифтаанд, ки рӯзи баъд ба идора омада, дар бораи бадном кардани неруҳои мусаллаҳи Русия баёнот бидиҳанд.

Як рӯз пештар, ин гуруҳи вакилон ба Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия номае фиристода хостанд, ки расмиёти барканории Владимир Путинро оғоз кунад. Ба қавли вакилони ноҳиявӣ, Путин бо оғози ҷанг дар Украина ба амнияти Русия осеб расонидааст.

Дар нома омадааст, ки таҷовуз ба хоки Украина, сабаби марги сарбозони рус, осеб дидани иқтисоди Русия, бад шудани некӯаҳволии мардум, густариши НАТО ба Шветсия ва Финландия ва мусаллаҳсозии Украина шудааст.

XS
SM
MD
LG