Шумораи аҳолии Қирғизистон ба 6 миллиону 977 ҳазор расидааст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори он кишвар хабар дод.
Бино ба ҳисоботи кумита, теъдоди аҳолии доимии Қирғизистон нисбат ба соли 2009 1,6 миллион бештар шуда, суръати миёнаи рушди солонаи аҳолӣ 2,1%-ро ташкил додааст.
Баҳори соли 2022 дар Қирғизистон шумориши аҳолӣ сурат гирифт.
Пеш аз ин дар он кишвар соли 2009 аҳолиро шуморида буданд. Он замон Қирғизистон 5,3 миллион аҳолӣ дошт.
Гуфтугӯ