Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтаанд, талбандаҳоро зиндонӣ хоҳанд кард


Толибон як сол пеш зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд
Толибон як сол пеш зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд

Толибон гуфтаанд, афроде, ки пас аз ҳушдор такроран дар хиёбонҳои Кобул гадоӣ мекунанд, зиндонӣ хоҳанд шуд.

Ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки гадоҳоро дар хиёбонҳои Кобул боздошту номнавис кардаанд ва ба онҳо ҳушдор додаанд, ки гадоиро бас кунанд.

Сокинони Кобул гуфтаанд, ба далели фақру бекорӣ шумори талбандаҳо дар Афғонистон бештар шудааст, вале Толибон ба ҷойи ҳалли мушкили иқтисодӣ гадоёнро саркӯб мекунанд.

Ҳукумати Толибонро бо гузашти як сол аз бозгашташон ба қудрат ҳеч кишваре эътироф накардааст.

Дар як соли ҳукумати ин гурӯҳ фақру бекорӣ дар Афғонистон бештар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG