Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти зидду нақиз дар бораи ҳаққи номзад шудани Назарбоев


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Узви Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон Шавкат Утемисов гуфт, президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳақ дорад, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад шавад.

"Ҳар касе, ки ҷавобгӯи талаботи номзад шудан ҳаст аст, метавонад, номзад шавад", - афзуд Утемисов.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта муовини вазири адлияи Қазоқистон Алма Муканова гуфта буд, Нурсултон Назарбоев ҳақ надорад, дар интихобот номзад шавад.

"Бино ба тағйироте, ки ба Конститутсия ворид шуд, президенти нахустин ҳақ надорад, ки бештар аз ду дафъа пайи ҳам президент интихоб шавад," - гуфт Алма Муканова.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳафтаи гузашта пешниҳод кард, ки дар кишвараш тирамоҳи имсол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG