Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё девони нави вазирон рӯи кор омад


Маликаи Бритониё Елизаветаи II вазирони нави ҳукумати сарвазир Элизабет Трассро тасдиқ кард. Трасс дар интихобот барои роҳбарии Ҳизби муҳофизакори Бритониё пирӯз шуд ва рӯзи 6-уми сентябр сарвазири он кишвар гардид.

Пештар аз ин, Трасс вазири корҳои хориҷии Бритониё буд. Трасс ваъда кард, ки сиёсатҳои сарвазири пешини кишвараш Борис Ҷонсонро идома ва ба Киев дар мубориза зидди хушунатҳои президенти Русия ёрӣ медиҳад.

Владимир Зеленский, президенти Украина Трассро ба муносибати сарвазир шуданаш табрик ва ӯро ба Украина даъват кард. Сарвазири Бритониё даъватро пазируфтааст.

Элизабет Трасс бо касби 57,4 дарсади раъйи аъзои Ҳизби муҳофизакор дар интихоботи сарвазирии он кишвар пирӯз шуд. Рақиби вай Ришӣ Сунак 42,6% раъй гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG