Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон дарёфти шиносномаҳои хориҷӣ осон шуд


Дар Узбекистон тартиби дарёфти шиносномаҳои биометрии хориҷиро осонтар карданд. Дар ин бора Оҷонси хадамоти давлатии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ акнун шаҳрвандони Узбекистон метавонанд, ба ҳамаи марказҳои хадамоти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.

Пурсишномаи коғазӣ барои дарёфти шиноснома комилан бекор шудааст. Аз ин ба баъд пурсишнома дар шакли электронӣ пур карда мешавад.

Ҳамчунин теъдод ва номгӯи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ кам шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG