Лиз Трасс, вазири корҳои хориҷии Бритониё, роҳбари нави Ҳизби муҳофизакори он кишвар интихоб шуд. Трасс ба зудӣ Борис Ҷонсонро дар мансаби сарвазир иваз мекунад.
Натиҷаҳои раъйдиҳии аъзои Ҳизби муҳофизакори Бритониё барои интихоби роҳбари нав рӯзи душанбе эълон шуд.
Трасс аз рақибаш, вазири пешини молияи Бритониё Ришӣ Сунак, пеш гузашт. Ба ҷонибдорӣ аз Трасс бештар аз 57 дарсади аъзои ҳизб раъй доданд, ки зиёда аз 80 ҳазор раъйро дар бар мегирад. Сунакро каме беш аз 60 ҳазор муҳофизакор ҳимоят кардааст.
Барои таблиғи номзадиаш Трасс ваъда карда буд, бо буҳрони энержие мубориза мебарад, ки Бритониёро фаро гирифтааст.
Бо ин ҳол, вай гуфта буд, дар мақоми сарвазирӣ ба ҳимояти бе чуну чарои Украина идома медиҳад ва дар муқобили Русия меистад. Изҳороти Трасс дар бораи он ки дар сурати зарурат, "бидуни дудилӣ" тугмаи ҳастаиро зер мекунад, таваҷҷуҳро ҷалб кард.
Борис Ҷонсон аз соли 2019 то ин замон дар мансаби сарвазири Бритониё буд.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Ҷонсон яке аз пуштибонони аслии Украина миёни роҳбарони Аврупо буд. Вай се дафъа ба Киев рафт. Бритониё ба Украина мадади зиёди низомӣ мекунад, низомиёни Украинаро дар пойгоҳҳои худ омӯзиш медиҳад.
Гуфтугӯ