Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор ва эълони вазъи фавқулода дар як вилояти Қазоқистон


Костанай, 4-уми сентябр
Костанай, 4-уми сентябр

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 5-уми сентябр ба вилояти Костанайи ин кишвар рафт. Рӯзи 2-юми сентябр дар ҷангале дар онҷо сӯхтор сар зад.

То ин замон бештар аз 1,8 ҳазор кас ба ҷойи амн кӯчонда шуданд. Ба далели вазидани шамол оташ бештар паҳн мешавад. Рӯзи 4-уми сентябр дар Костанай вазъи фавқулода эълон шуд.

Вазораи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, рӯзи 4-уми сентябр масоҳати оташ ба 43 ҳазор га замин расидааст.

Барои хомӯш кардани оташ 193 техника, ҳафт чахбол, панҷ қатораи оташнишонӣ, наздики 1,5 ҳазор кас сафарбар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG