Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА гуфт, Узбекистон таҳримҳои зидди Русияро риоя мекунад


Cафири ИМА дар Узбекистон Дэниел Розенблюм.
Cафири ИМА дар Узбекистон Дэниел Розенблюм.

"Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки хоҳони риояи таҳримҳои зидди Русия ҳастанд ва барои давр задани таҳримҳо шароит фароҳам намеоранд," -- гуфт сафири ИМА дар Узбекистон Дэниел Розенблюм.

Вазорати молияи ИМА Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва чанде аз кишварҳоро дар рӯйхате дохил кард, ки эҳтимол дар давр задани таҳримҳо ба Русияву Белору ёрӣ кунанд.

Дэниел Розенблюм дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, ин кишварҳо бо Русия додугирифти фаъолонаи молӣ доранд.

Ба гуфтаи Розенблюм, ҳукумати Узбекистон "дақиқан тасдиқ кард ва ман фикр мекунам, ошкоро ҳам гуфт, ки мехоҳанд, таҳримҳоро риоя кунанд ва намехоҳанд, ки ширкатҳои узбекистонӣ шомили таҳримҳо шаванд".

Пештар аз ин Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, кишвараш набояд барои давр ҳадани таҳримҳои зидди Русия истифода шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG