Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба беҷошудагон дар Украина ёрӣ мекунад


Гурезаҳои украинӣ дар Полша.
Гурезаҳои украинӣ дар Полша.

Олмон барои Украина 200 миллион евро медиҳад, то ин кишвар ба сокинони беҷошуда кумак кунад.

Созишномаи кумакро имрӯз, 4-уми сентябр Свеня Шултс, вазири иқтисоди Олмон ва Денис Шмигал, сарвазири Украина дар Берлин имзо карданд.

Шултс бар ин назар аст, ки Украина бе кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад сокинони беҷошударо бо ғизо ва манзил таъмин кунад. Ӯ аз дигар кишварҳо даъват кард, ки ба Украина кӯмак кунанд.

Бар асоси арзёбиҳои СММ, 7 миллион сокини Украина аз шаҳрҳои номан ба минтақаҳои нисбатан амнтари ин кишвар кӯчидаанд. Аксари онҳо ҷойи кору даромадашонро аз даст додаанд.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз се як шаҳрванди ин кишвар макони зисташро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG