Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 31-уми август дар як суханрониаш аз қурбониёни таъқибҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ карда, гуфтааст, "то ба даст овардани истиқлоли давлатии кишвар 100 ҳазор ҳамватани мо таъқиб ва 13 ҳазор кас паронда шудааст".
"Ҳарчанд истиқлоли давлатӣ 31 сол қабл ба даст оварда шуда бошад ҳам, бобоёни мо барои он беш аз 100 сол пеш кушиш карда буданд. 100 ҳазор ҳамватани мо таъқиб гашта, 13 ҳазори онҳоро бераҳмона паронданд”, - гуфт Мирзиёев.
Ба гуфтаи Мирзиёев, Додгоҳи олии Узбекистон соли гузашта 235 қурбонии таъқибҳоро сафед кардааст.
Дар Узбекистон 31-уми август ҳамчун Рӯзи ёдоварӣ аз қурбониёни таъқибҳо таҷлил карда мешавад.
Гуфтугӯ