Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби саҳифаи “Вип ҷавонони Норак” дар Инстаграм дастгир шуд


Шаҳри Норак
Шаҳри Норак

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки соҳиби саҳифаи “Вип ҷавонони Норак”-ро дар Инстаграм боздошт кардаанд. Дар саҳифа мансабдорони Норак танқид шуда, аз камбудҳои ин шаҳри Тоҷикистон навор пахш мешуд.

Мақомот номи ӯро зикр накарда, аммо гуфтаанд, як сокини шаҳри Норак буда, бо сомонаҳои марбут ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ, созмони иборат аз мухолифони тоҷик, кор мекардааст.

Саидаҳрор Мирзозода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Норак, дар нашрияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ин сокини Норакро замоне боздошт карданд, ки “аз як иншооти шаҳр дар саҳифааш навор пахш кард”. Дурбинҳои мушоҳидавӣ ӯро сабт кардааст.

Ба гуфтаи ин мақомдор, аз телефони ӯ наворҳои қаблан гуё ба сомонаҳои мухолифон фиристода низ ёфт шудааст.

Ҳанӯз мухолифини тоҷик ба ин иддао посух надодаанд, вале дар гузашта чунин гузоришҳои мақомоти тоҷикро дурӯғ ва баҳонае барои саркӯби дигарандешон номида буданд. Фаъолони мухолифин мегӯянд, ҳоло ҳар касе, ки дар Тоҷикистон бо дидгоҳи интиқодӣ матлаб нашр мекунад, аз ӯ “пайрави созмонҳои мамнуъ” ном мебаранд.
Дар Тоҷикистон даҳҳо нафар, аз ҷумла чор журналисти шинохта – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ – ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ боздошт шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон инро баҳонаи мақомот барои саркӯби дигарандешон меноманд ва ҳукумати Тоҷикистонро барои ин танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG