Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд мансабдорро барои камбуди сӯзишвории дизелӣ танбеҳ додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Қазоқистон рӯзи 31-уми август дар пайи пеш омадани норасоии сӯзишвории дизелӣ дар минтақаҳои он кишвар "ба як қатор мансабдорони баландпоя"-и Вазорати энергетика ва ширкати "КазМунайГаз" танбеҳ додааст.

Аз ҷумла, сардори Раёсати "КазМунайГаз" Мағзум Мирзогалиев ва муовини вазири энергетикаи Қазоқистон Асет Магауов "барои наандешидани чораҳои саривақтӣ" танбеҳи сахт гирифтаанд.

Дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи сарвазири Қазоқистон нашр шуд, гуфта мешавад, "комиссия ба раҳбарии Роман Скляр, муовини аввали сарвазир омилҳоеро, ки боиси камбуди маводи сӯхт шудааст, муайян кард".

Сабабҳои аслии камбуди сӯзишвории дизелӣ “афзоиши беш аз ҳадди масраф, пеш аз ҳама тавассути нақлиёти транзити хориҷӣ ва ҳамчунин интиқоли сӯзишвории дизелӣ аз Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсоя гуфта шудааст".

Ҳукумати Қазоқистон қаблан дар пасманзари камбуди сӯзишвории дизелӣ дар он кишвар нархҳои ниҳоӣ ва маҳдудияти интиқоли ин навъи сӯзишвориро ҷорӣ кард. Баъдтар Вазорати энергетикаи Қазоқистон эълон кард, ки барои пешгирӣ аз кори "ҳаннотон" ҳангоми фурӯши сӯзишвории дизелӣ дар маҳалҳо маълумоти истеъмолкунандагонро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тафтиш мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG