Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 31-солагии истиқлоли худро ҷашн мегирад


Қирғизистон, 31-уми августи 2022
Қирғизистон, 31-уми августи 2022

Қирғизистон 31-уми август 31-умин солгарди истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад. Чорабиниҳои идона дар ноҳияи Аламудини вилояти Чуйи он кишвар баргузор хоҳанд шуд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар табрикоти худ қайд кард, ки минбаъд чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолро бо навбат дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни он кишвар баргузор хоҳанд кард.

Вай афзуд, ки самти асосии фаъолияти мақомоти имрӯзаи Қирғизистон “ҳифзи истиқлол, баланд бардоштани тавонмандии иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи пайвастаи вазифаҳои бузурги барномавӣ ва ислоҳот” аст.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15-уми декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31-уми август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълон шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG