Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев: Раъйпурсӣ нишон дод, ки мардум ислоҳот мехоҳанд


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи ин кишвар "муттаҳидии мардум" ва "ҷонибдории қатъии онҳо аз ислоҳоти густарда"-ро нишон дод.

Ӯ дар ин бора дар табрикоти худ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Қазоқистон изҳори назар кардааст. Матни табрикот рӯзи 30-юми август дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр шуд.

Дар раъйдиҳии рӯзи 5-уми июни имсол 68,05 дарсад ё 7 миллиону 985 ҳазору 769 сокини қобили раъйи Қазоқистон ширкат карданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин ислоҳот гузаштан аз як низоми "абарпрезидентӣ" ба низоми ҷумҳурии президентии дорои порлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда аст.

Мухолифон бовар доранд, ин ислоҳҳо табиати авторитарии ҳукуматро дар Қазоқистон дигар нахоҳад кард.

Коршиносон раъйпурсиро тайёрии Қосимҷомарт Тоқаев ба интихоботи навбатии президентӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG