Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти ангиштро ба Покистон аз сар гирифт


Пас аз танаффуси чандҳафтаина содироти ангишт (кумур, зуғол) аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути хоки Афғонистон аз сар гирифта шудааст.

Сомонаи “Ориёно-нюс” ба нақл аз ронандаҳо ва масъулони идораи гумруки гузаргоҳи Шерхонбандари Афғонистон навишт, дар як шабонарӯз аз ин гузаргоҳ 100-120 мошин гузашта, ба Покистон мераванд.

Раиси хадамоти гумруки Шерхонбандар Муҷоҳид Муҷоҳидзода гуфтааст, ин ангишт транзитӣ буда, ҳаққи дар хоки Афғонистон монданро надорад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҳукумати Толибонро дар Афғонистон, ки як сол пеш сари қудрат омад, эътироф намекунанд. Аммо айни замон омори расмӣ баёнгари афзоиши тиҷорати миёни Тоҷикистон ва Афғонистон будааст.

Аз ҷумла, ба иттилои мақомоти гумруки вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 195 ҳазор тонна ангишт фурӯхтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор тонна бештар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG