Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ: 6 миллион афғонистонӣ бо қаҳтӣ рӯбарӯянд


Раҳбари идораи ёриҳои башардӯстонаи Созмони Милал ҳушдор дод, ки 6 миллион кас дар Афғонистон ба хатари қаҳтӣ рӯбарӯ ҳастанд ва беш аз нисфи аҳолии 39-миллионнафарии ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Мартин Гриффитс рӯзи 29-уми август дар Шӯрои амнияти Созмони Милал аз кишвару созмонҳои сармоягузор хост, баъзе маблағгузориро ба Афғонистон аз сар гиранд.

"Фақр бештар мешавад. Аҳолӣ ҳамоно меафзояд. Мақомот, воқеан, буҷа надоранд, ки барои ояндаи худ сармоягузорӣ кунанд," – афзудааст ӯ.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021, баъди берун рафтани нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии Амрико ва вожгун шудани ҳукумати пешини ин кишвар, ба қудрат баргашт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Толибонро, ки дар Афғонистон ҳуқуқи занонро поймол ва озодии баёнро маҳдуд кард, эътироф накардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG