Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои Амрико баъди танаффус аз гулӯгоҳи Тайван мегузаранд


Як киштии амрикоӣ дар обҳои Тайван.
Як киштии амрикоӣ дар обҳои Тайван.

Хабаргузории "Reuters" гузориш дод, ки ду киштии амрикоӣ баъд аз сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван бори нахуст аз гулӯгоҳи ин ҷазира гузаштанд.

Мақомоти ИМА гуфтанд, киштиҳо аз минтақаи байналмилалӣ гузашта, ба обҳои ҳудудии кишваре ворид нашудаанд. Ба гуфтаи Вашингтон, убури киштиҳо пойбандии Амрико ба усули боз дар минтақаи Ҳинд ва уқёнуси Оромро нишон медиҳад.

Вазорати дифои Тайван хабар дод, ки киштиҳо ба самти ҷануб ҳаракат мекунанд ва низомиёни ҷазира талош кардаанд, то бидуни мушкиле ҳаракат кунанд.

Намояндагони артиши Чин гуфтанд, ки неруҳои ин кишвар дар ҳолати омодагии баланди ҷангӣ қарор дошта, "аз ҳама гуна иғвоангезӣ дар ҳама ҳолат пешгирӣ мекунанд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG