Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои ғарбӣ рафтанд, вазъи корхонаҳои мошинсозии Русия чӣ гуна аст? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пас аз берун шудани як идда ширкатҳои ғарбӣ аз Русия, ҳукумати ин кишвар кӯшиш дорад, ҷойҳои холишудаи онҳоро бо истифода аз захираву имконоти соҳибкорони ватанӣ пур кунад. Мақомдорон бо ишора ба табдили ном ва соҳиби шабакаи ошхонаҳои “Макдоналдс” ва қаҳвахонаҳои “Старбакс” исрор доранд, ки вазъ тағйир наёфтааст. Хабарнигори “Рейтерс” баъди ошноӣ бо вазъи корхонаи истеҳсоли “Лада” дар шаҳри Ижевск таъкид мекунад, ки вазъ чандон хушҳолкунанда нест.

“Агар кор аз нав шуруъ шавад ҳам...”

Бо гузашти ҳафт моҳ аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина, “Автоваз”, бузургтарин корхонаи тавлиди автомобили Русия, барои наҷоташ талош дорад. Дар моҳи март коршарики фаронсавияш, ширкати «Рено», Русияро тарк кард ва боиси қатъ шудани истеҳсоли мошин дар ин корхона гардид.

Ибтидои тобистони имсол ҳукумати Русия гуфт, тавлиди мошин дар «Автоваз», ки 42 ҳазор коргар дорад, аз нав сар мешавад. Дар ҳамин ҳол, сарнавишти 3200 коргари шуъбаи «Автоваз» дар шаҳри Ижевск рӯшан нест. Маъмурияти корхона гуфтааст, феълан бо эҳёи тавлиди автомобил дар қароргоҳи марказиаш дар шаҳри Толятти банд мебошад. Маъмурияти «Автоваз» ҳозир будааст, ба коргароне, ки ба қатъи ҳамкорӣ мувофиқанд, 200 ҳазор рубл ҷуброни якдафъаина диҳад.

Ҳафтаи гузашта Александр Князев ҷубронпулӣ гирифт ва аз кор дар шуъбаи «Автоваз» дар Ижевск даст кашид.

Ӯ мегӯяд, "беҳтар мебуд, ки сарфи назар аз ҷадвали номуназзами кор ва камбуди қисмҳои эҳтиётӣ дар ин корхона бимонам. Ман махсус барои кор дар ин ҷо коркарди филизотро дар тавлиди автомобил омӯхтаам. Ҳоло дарк мекунам, ки ниёзи бузурге ба донишу малакаи ман нахоҳад буд. Агар кор аз нав шавад ҳам, мизони тавлиди мошин ва эҳтиёҷ ба мутахассисон мисли пештара нахоҳад буд."

Видеоро инҷо бинед:

Аҳволи корхонаҳои мошинсозии Русия чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Аз "Фолксваген" то "Волво"

Муовини сарвазири ҷумҳурии Удмуртияи Русия Татяна Чуракова мегӯяд, "Калашников", корхонаи машҳури тавлиди аслиҳа, аллакай 100 коргари «Автоваз»-ро бо кори доимӣ таъмин кардааст.

"Дар шаш моҳи гузашта таъмини шаҳрвандони бекор бо суръат пеш рафт. Ин раванд дар тамоми гӯшаҳои кишвар ҷараён дорад. Шумораи ҷойҳои холии корӣ афзоиш ётфааст. Дар Удмуртия 5 ҳазор бекор аст, ки аксаран дар Ижевск ба сар мебаранд. Дар баробари он 18 ҳазор ҷойи холии корӣ дорем, ки тахминан 5 маротиба бештар аст," – афзуд ӯ.

Шуъбаи корхонаи «Автоваз» дар Ижевск ба номаи «Рейтерс» дар бораи шумораи ихтисоршудаҳо надод, вале таъкид кард, ки 29-уми август аввалин автомобили электрикии Русия бо номи Е-Ларгус роҳандозӣ мешавад.

Вазорати иқтисоди Русия ҳам аз додани тавзеҳот дар бораи сарнавишти коргарони соҳаи мошинсозии Русия худдорӣ кард. Ба гуфти муовини сарвазири Русия, Татяна Голикова, моҳи июни имсол дар ин кишвар ҳамагӣ 236 ҳазор нафар қисман ё пурра дар рухсатӣ буданд. Онҳо ба омори расмии бекорон, ки шумораашон дар саросари Русия ба 3 миллион нафар баробар мебошад, шомил нестанд.

«Рейтерс» ёдовар мешавад, ки дар шаш моҳи гузашта ширкатҳои ҷаҳонии тавлиди мошин ба монанди «Фолксваген», «Нисан», «Ҳюндай», «Митсубиши» ва «Волво» корро дар Русия боздошта, коргаронашонро ба рухсатӣ фиристодаанд, ки шумораашон ба 14 ҳазор нафар баробар аст.

Ин вазъ ба саноати мошинсозии Русия таъсири манфии дарозмуддат дошта метавонад. Бар пояи омори расмии ҳукумати Русия соли 2020 дар ин соҳа 400 ҳазор нафар мустақим кор карда, тахминан 4 миллион каси дигар дар соҳаҳои марбут ба тавлиду таъмини автомобил машғул буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG