Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон се "ҷиҳодӣ" ва як зердасти Ҷенгоро дастгир кардаанд


Идораи пулиси Ботканд.
Идораи пулиси Ботканд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, маъмурони ин ниҳод се ҷиҳодиро дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон дастгир кардаанд. Яке аз боздоштшудагон бо номи Абунур ба гуфтаи Кумитаи амният раҳбари ин гуруҳи ифротгароён будааст.

Ба қавли мақомот, ифротгароён аз бо ғоратгарӣ пул ҷамъ оварда ба созмонҳои террористӣ дар Сурия мефиристодаанд. Фарди дигари боздоштшударо узви гуруҳи ҷиноӣ ба раҳбарии Қодир Досонов ном мебаранд, ки дар Қирғизистон бо номи Ҷенго шинохта шудааст.

Фарди саввум узви Имороти Қафқоз як созмони террористӣ буда ва ба гуфтаи мақомот ба тақсиму паҳн кардани матолиби дорои муҳтавои ифротгароӣ машғул будааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ки аз дасти ин афрод, се норинҷак, аслиҳа ва миқдори зиёди китобҳо бо муҳтавои тундгароӣ мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG