Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дар як моҳ 1 миллион тонна ғалладона фурӯхтааст


Украина яке аз бузургтарин фурӯшандагони ғалладона дар ҷаҳон аст.
Украина яке аз бузургтарин фурӯшандагони ғалладона дар ҷаҳон аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, кишвараш дар як моҳи гузашта аз тариқи баҳр бештар аз 1 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст.

Ӯ ҳангоми муроҷиати шабонаи видеоӣ дар шаби 26-уми август гуфт: “Ибтикори содироти ғалладона як моҳ аст идома дорад ва дар ин муддат мо аз тариқи се бандари худ як миллион тонна содир кардем.”

Содироти ғалладона аз тариқи Баҳри Сиёҳ чанд рӯз баъд аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал қатъ шуд. Моҳи июл Русия ва Украина бо миёнҷигарии Созмони Милал ба тавофуқ расиданд, ки содироти ғалладона аз сар гирифта шавад.

Ба қавли Владимир Зеленский, пас аз оғози содирот, 44 киштӣ аз бандарҳои Украина ба 15 кишвар шино кардаанд. Ӯ афзуд: “Ҳадаф содироти 3 миллион тонна ғалладона дар як моҳ аст ва ин барои Африқо, Осиё ва Аврупо фавқуллода муҳим аст.”

Аввали ҳамин моҳ раиси Барномаи Озуқавории Созмони Милал гуфт, бо вуҷуди аз сар гирифтани содироти ғалладона аз Украина “мумкин аст, буҳрони ҷаҳонии ғизо то 12 моҳи дигар идома кунад.”

XS
SM
MD
LG