Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров даргузашт


Масъуд Собиров дар мақоми раиси як ҷиноҳи Ҳизби демократии Тоҷикистон. Соли 2010
Масъуд Собиров дар мақоми раиси як ҷиноҳи Ҳизби демократии Тоҷикистон. Соли 2010

Имрӯз дар ноҳияи Файзобод бар асари бемории қалб иқтисодшинос ва собиқ раиси ҳизби демократии Тоҷикистон Масъуд Собиров даргузашт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ писараш Ораш Собиров хабар дод. Ораш гуфт, чанд соли охир падараш аз дарди қалб азият мешуд ва зери назари табибон қарор дошт. Маросими дафни Масъуд Собиров фардо, 27-уми август дар оромгоҳи деҳаи Сӯфиён, ки маҳалли зисти ин иқтисодшиноси тоҷик аст, барпо мешавад.

Масъуд Собиров 63 сол дошт ва то охир ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кард. Соли 2006 баъди зиндонӣ шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Масъуд Собиров як муддат раисии ҳизби демократи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт.

Солҳои охир дар сӯҳбат бо матбуот бештар роҷеъ ба вазъи иқтисодиву дурнамои он шарҳу назарҳо медод.

XS
SM
MD
LG