Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳуҷумҳои русҳо ба шарқи Украина


Баъди таркиши нирӯҳои Русия дар Днепропетровск
Баъди таркиши нирӯҳои Русия дар Днепропетровск

Низомиёни украинӣ рӯзи 26-уми август гуфтанд, ки нирӯҳои Русия ҳуҷумҳои худро дар минтақаи шарқии Донетск вусъат бахшиданд. Айни замон, аввалин бор аст, ки нирӯгоҳи атомии Запорожйе муваққатан аз кор мондааст ва ин ҳолат нигарониҳоро аз эҳтимоли сар задани фоҷеаи ҳастаӣ бештар кард. Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки тамаркузи русҳо ба Бахмутов ва Авдеевка “номуваффақона” буд. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, баъди тирандозии русҳо ба маҳаллаи ҷойгиршавии корхонаи атомии Запорожйе, ки бузургтарин корхонаи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад, аз роҳи мувққатан қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ аз эҳтимоли сар задани фоҷеаи атомӣ пешгирӣ карда шуд.

XS
SM
MD
LG