Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони ҳамоише дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад


Владимир Воронков соли 2019 дар доираи як сафари корӣ дар Тоҷикистон буд
Владимир Воронков соли 2019 дар доираи як сафари корӣ дар Тоҷикистон буд

Тоҷикистон мизбони як ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад. Ба навиштаи вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, қарор аст рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе Конфронси байналмилалии таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо” барпо мешавад. Ба навиштаи манбаъ, шароити баргузории конфронсро рӯзи 25-уми август намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ ва раҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баррасӣ кардаанд.

Ҷузъиёти бештар нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ин нишасти сатҳи баланд аст ва дар гузашта маъмулан дар чунин нишастҳо раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти кишварҳои шарики Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Тоҷикистон вазъ дар Афғонистони зери назари Толибон ва ҳифзи сарҳад аз рахнашавии ҷангҷӯёни ифротиву қочоқи маводи мухаддирро аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвараш медонад. Ҳамзамон созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро ба он айбдор мекунанд, ки шиорҳои мубориза бо экстремизм ва терроризмро бо мақсади саркӯб кардани рақибони сиёсӣ ва норозиён ва ҳамчунин маҳдуд кардани озодии баён суистифода мекунад.

XS
SM
MD
LG