Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз баргузории раъйпурсӣ дар минтақаҳои Украина ҳушдор дод


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Русия, мумкин аст, то охири ҳафтаи ҷорӣ аз баргузории раъйпурсӣ дар қаламравҳои ғасбкардааш дар Украина хабар диҳад. Дар ин бора мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ Ҷон Кирбӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои дарёфтӣ, Иёлоти Муттаҳида интизор дорад, ки Маскав натиҷаҳои раъйпурсиро тақаллуб ва эълон хоҳад кард, ки сокинони ҳудудҳои ғасбшуда аз пайвастан ба Русия ҷонибдоранд.

Охири моҳи феврали имсол Русия қариб тамоми вилояти Луканск, инчунин қисми зиёди Донетск, Херсон ва Запорожйеи Украинаро ғасб кард.

Роҳбарони дастнишондаи Русия дар ҳудуди вилоятҳои мазкур борҳо аз омодагӣ ба раъпурсӣ хабар доданд. Бино ба нақшаи пешакӣ, ин раъпурсиҳо бояд моҳи сентябр баргузор шаванд. Зеленский гуфт, дар сурати баргузории раъйпурсиҳо эҳтимоли гуфтугӯҳо бо Русия комилан аз байн меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG