Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, дар пайванд ба ҳалокати 14 шаҳрванди ин кишвар дар Русия муроҷиатнома нашр кард.
Ҷабборов ба наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ карда, 23-юми августро дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон намуд.
"Ҳамватанони гиромӣ, ин фоҷиа барои мардуми мо ғамангез аст, дар робита ба ин 23-юми августро Рӯзи мотами миллӣ эълон мекунам", - омадааст дар муроҷиатномаи президенти Қирғизистон.
Вай ба масъулони кишвараш дастур додааст, ки ҷасади фавтидагонро бо ҳавопаймои махсус ба ватан оранд.
Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ки 14 нафари онҳо шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Се қирғизистонии дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба мусофирбаре бархурдааст, ки дар канори роҳ меистод.
Гуфтугӯ