Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: Маскав дар Украина “кори золимонае” анҷом медиҳад


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Нерӯҳои Русия рӯзи 21-уми август ба чанд маҳаллаи гуногун дар ҷануби Украина бо тӯпхона ва мушак зарба заданд.

Мақомоти шаҳри Харков, дувумин шаҳри бузургтарини Украина, гуфтанд, дар натиҷаи бомбаборон ду ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Дар вилояти Донетск, ба гуфтаи раиси вилоят Павло Кириенков, чаҳор нафар ҷон доданд. Айни замон Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар муроҷиати шабонаи видеоии худ гуфт, мумкин аст, Маскав дар рӯзҳои оянда дар Украина “кори золимонае” анҷом диҳад.

Қарор аст, то чанд рӯзи дигар 31-умин солгарди истиқлоли Украинаро таҷлил кунанд.

Владимир Зеленский шаби 21-уми август гуфт, “яке аз ҳадафҳои аслии душман, таҳқир кардани мо, барангехтани тарсу ҳарос ва низоъ аст, вале мо бояд тавоно бошем, ки ба ин дасисаҳо муқовимат кунем.”

Рӯзи 24-уми август Украина 31-умин солгарди истиқлоли худро таҷлил мекунад ва аввалин бор дар замони таҷовузи Русия, ки 6 моҳ пеш оғоз ёфт. Бино ба гузоришҳо мумкин аст, Маскав, муҳокимаи размандагони Украинаро, ки дар шаҳри Мариупол муқовимати сахт карданд, дар рӯзи истиқлоли он кишвар оғоз кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG