Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози украинии маҳрум аз пой: "Ман бояд ба ҷабҳа баргардам" ВИДЕО


Руслан мегӯяд, дар маҷмӯъ имкон дорад, ки хизмати ҳарбӣ кард ва ҳам зиндагии маъмулиро пеш бурд.
Руслан мегӯяд, дар маҷмӯъ имкон дорад, ки хизмати ҳарбӣ кард ва ҳам зиндагии маъмулиро пеш бурд.

Ҷанг дар Украина даҳҳо сарбозро аз дасту пой маҳрум кард, аммо бо вуҷуди ин сарбозони маъюб муборизаро идома медиҳанд. Ба онҳо марказе дар Киев ба ҳаёти дубора мебахшад.

Руслан, яке аз онҳоест, ки дар ҷанг аз ҳарду пояш маҳрум шудааст. Руслан рутбаи капитанро дорад. Ӯ мегӯяд: “Соли 2021 дар наздикии деҳаи Песк дар канори шаҳри Донетск, ман ба мина бархӯрдам. Аз ҳарду пой маҳрум шудам. Онҳо гуфтанд, ки ман дигар барои хизмати ҳарбӣ ноқобилам, вале ман ба мардумам ваъда додам, ки ба майдон бармегардам.”

Руслан дар 3 бемористон табобат гирифт. Билохира дар ин маркази махсуси барқарорсозии сарбозон муолиҷааш ба охир расид. Андрей Овчаренко, роҳбари Маркази ортопедӣ, барқарорсозӣ: “Ҳоло тирандозӣ зиёд аст, ғайринизомиён ҳам ҷароҳат мебардоранд. Ҳар касе, ки аз дасту пой маҳрум мешавад, бояд ба маркази хизматрасонии маъмурӣ ё ба шӯъбаи маҳаллии хизматрасонии иҷтимоӣ муроҷиат кунад. Онҳо бояд чун шахси маъюб ба қайд гирифта шаванд. Мо барои омода кардани протез, ё узви сунъӣ барояшон машварат медиҳем.”

Сарбозони маҷруҳи украинӣ мехоҳанд барои ҳимоят аз ватан ба ҷабҳа баргарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

То оғози ҳамлаи Русия ба Украина, ба ин марказ моҳе 2 бемор меоварданд. Акнун танҳо як шӯъбаи он дар Киев ҳар ҳафта то 4 бемори нав дорад. Андрей Овчаренко, роҳбари Маркази ортопедӣ, барқарорсозӣ: “Мо дар толори барқарорсозӣ беморонро қабул мекунем. Роҳравӣ нишон медиҳем, то узв ё дасту пойи сунъӣ ба соҳибаш мутобиқ бошад ва тавонад бо он бемушкил ва мисли пойи худ ҳаракат кунад. Ҳар касе, ки ба ин ҳуҷра ворид мешавад, бо узви нави сунъӣ аз ин ҷо берун меравад. Тамоми ҳайати кории мо ба руҳияи қавии ин бачаҳо эҳтиром қоиланд. Ҳанӯз онҳо роҳравӣ бо пойи сунъиро наомӯхта мегӯянд, ман вақти кам дорам, ман бояд ба майдони муҳориба баргардам.

Оддитарин пойи сунъӣ дар ин марказ дар як рӯз сохта мешавад. Вобаста ба ҷароҳати беморон, давраи барқарорсозӣ метавонад, то ним сол, ё бештар аз он идома кунад.

Руслан мегӯяд, ин барояш имкон дод моҳи феврал ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ баргардад :“24-уми феврал ман дар хонаи худ, дар шаҳри Конотоп будам. Ба ман соати дуи шаб занг заданд ва ба кор даъват карданд. Мо дар канори Чернигово сангар гирифтем ва бо душманонамон рӯ ба рӯ шудем. Мо дар фикри ҳимоя будем, баъзан ин кор мушкил аст, вале дар маҷмӯъ имкон дорад, ки хизмати ҳарбӣ кард ва ҳам зиндагии маъмулиро пеш бурд.”

Маркази мазкур дар 4 соли ахир беш аз 500 узви сунъӣ сохтааст. Масъулини он мегӯянд, аксари онҳое, ки соҳиби дасту пойи сунъӣ шуданд, дубора ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайвастанд. Дар маҷмӯъ пизишкон дар бархе аз бемористонҳои Украина дар як шабонарӯз 12 соат кор мекунанд, вале рӯзе бемор зиёд аст, соати кориашон метавонад аз ин ҳам бештар шавад. Аммо онҳо шикоят надоранд.

Михайло, сардори шӯъбаи ҷарроҳии бемористони VIZ Medics: “Кори аз ҳама мушкил ин паҳлӯҳои равонии кори мо аст. Вақте шумо ҷавонони 20-22- соларо қабул мекунед, ки ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Онҳо аз даст, ё пой ва ё чашм маҳрум шудаанд. Онҳо маъюби якумрӣ шудаанд.”

Пизишкон баробари бемороне, ки аз майдони ҷанг оварда шудаанд, бехобӣ мекашанд. Мегӯянд, вазифаи худро то охир иҷро мекунанд ва ҳамеша омодаи наҷоти ҷони маҷруҳон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG