Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд ҳафт афғонистонӣ бо шиносномаҳои "сохтаи Тоҷикистон"-и Бритониё боздошт шуданд


Фурудгоҳи Тошканд
Фурудгоҳи Тошканд

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардааст, ки дар даст шиносномаҳои сохтаи шаҳрвандони Бритониёро доштанд ва ин санадҳои тақаллубиро гӯё дар Тоҷикистон ба даст овардаанд.

Дар ин бора рӯзи 15-уми август дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодиса 5-уми август рух дод. Ҳафт нафар ҳангоми гузаштан аз санҷиши паспортӣ дар сарҳади фурудгоҳи Тошканд боздошт шуданд.

Ин нафарон, ки мехостанд аз Тошканд ба Лондон парвоз кунанд, дар даст шиносномаҳои шаҳрвандони Бритониёро доштанд. Баъдан дар вақти шурӯи тафтишот онҳо гуфтанд, ки шаҳрванди Афғонистон буда, замоне, ки дар Тоҷикистон буданд, шиносномаҳои сохтаи Бритониёро ба даст овардаанд.

Нисбати ин нафарон аз рӯи моддаҳои “таҳияи санадҳои тақаллубӣ” ва “сафари ғайриқонунӣ ба қаламрави Узбекистон ва хориҷ аз он” парванда боз шудааст.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё дар ин робита таҳқиқе дар қаламрави Тоҷикистон ҳам ба роҳ монда мешавад ё на.

XS
SM
MD
LG