Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби ҷанҷолии “Ояҳои шайтонӣ”, ки рӯзи 12-уми август дар шаҳри Ню Йорки Амрико як ҳамлагар ба ӯ корд зада буд, ба ҳуш омадааст.
Пизишкон гуфтаанд, ки ӯ аз марг наҷот ёфт ва вазъи саломатиаш мӯътадил аст.
Атиш Тасир, нависанда ва ҳамкори ӯ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки Рушдиро аз зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ берун кардаанд ва гап мезанад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто Рушдӣ шухӣ мекунад.
Наздикони Рушдӣ низ ин хабарро тасдиқ кардаанд, вале шарҳи бештар надодаанд.
Ҳамзамон, имрӯз нахустин мурофиаи Ҳодӣ Матар, нафаре, ки ба Салмон Рушдӣ ҳамла кард буд, баргузор шуд.
Додситонии Ню-Йорк мегӯяд, ки Матар Рушдиро 10 корд задааст. Ин ҷавон худро бегуноҳ донист.
Салмон Рушдӣ соли 1988 китобе бо номи “Ояҳои шайтонӣ” навишт, ки хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехт.
Ба ӯ борҳо барои ин китобаш таҳдиди куштан кардаанд. Ӯ баъди фатвои Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ, раҳбари Эрон, ки куштанашро “ҳалол” донист, дигар пинҳонӣ зиндагӣ мекард. Қарор буд, Салмон Рушдӣ дар Пажуҳишгоҳи Чаутаква, дар як маҳаллае дар ҷанубуғарби аёлати Ню Йорк суханронӣ кунад. Дар ин марказ, ки доир ба масоили мазҳабӣ маҳфилҳо сурат мегиранд, Салмон Рушдӣ қаблан ҳам суханронӣ кардааст.