Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба низомиёни рус ҳушдор дод


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ҳар сарбози русе, ки ба сӯи нерӯгоҳи атомии Запарожей тир мепаронад, мавриди ҳамлаи онҳо қарор хоҳад гирифт.

Нерӯгоҳи атомии Запарожейи Украина зери назорати русҳост.

Зеленский гуфт, агар сарбозони рус бо сӯистифода аз дохили нерӯгоҳ тир мепаронанд, донанд, ки ҷосусони мо онҳоро пайдо мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) Русия ва Украинаро ҳушдор дод, ки аз тирпаронӣ ба самти ин нерӯгоҳ худдорӣ кунанд. Ин созмон гуфт, чанд ҳолати тирпаронӣ ба сӯи неӯгоҳи атомиро сабт кардааст, ки агар давом кунад, эҳтимол фоҷеи башариро ба бор орад.

Дар сурати таркидани ин нерӯгоҳ миллионҳо одам заҳролуд шуда, муҳити зист хароб мешавад.

Русия ва Украина ҳамдигарро барои тир парондан ба сӯи ин нерӯгоҳ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG