Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли раҳбари "Ал-Қоида" чӣ паёмад дорад? ВИДЕО


Айман Аз-Завоҳирӣ бо Усома Бин Лоден, асосгузорӣ "Ал-Қоида".
Айман Аз-Завоҳирӣ бо Усома Бин Лоден, асосгузорӣ "Ал-Қоида".

Куштори раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида" Айман Аз-Завоҳирӣ дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Афғонистон зарбаи сангине ба ин гурӯҳ буд.

Аммо оё марги ӯ ба шохаҳои ин созмони террористӣ дар Ховари Миёна ва кишварҳои Африқову Осиё таъсире хоҳад дошт?

Кохи Сафед эълон кард, ки ҳамагуна таҳдиди хатарҳои эҳтимолии террористиро бодиққат пайгирӣ дорад. Муҳаққиқони тероризм ҳушдор медиҳанд, ки Амрико бояд хеле эҳтиёткор бошад.

Кохи Сафед мутмаин аст, ки раҳбари гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” Айман-Аз-Завоҳирӣ дар пайи зарбаи ҳадафмандонаи бесарнишини Амрико кушта шуд. Толибон, ки ҳамлаи Амрикоро маҳкум кардаанд, мустақиман ҳузури Завоҳириро дар Кобул тасдиқ намекунанд. Дар охирин изҳорот, Толибон гуфтанд, ки аз ҳузури Завоҳирӣ дар Кобул хабар надоштанд. Мақомоти амрикоӣ ба ин назаранд, ки кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” поёни кор нест, зеро бо буридани як сари "аждаҳори чандсар" наметавон онро пурра безарар кард.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти Амрико гуфт, "онҳо дар Африқои Шимолӣ ҳастанд. Дар тамоми Ховари Миёна ва дар Яман ҳам фаъолият доранд. Ман медонам, ки мо бештар ба Афғонистон тамаркуз кардаем, аммо аз дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳам чашм намеканем.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Коршисон мегӯянд, бо маҳви Завоҳирӣ мубориза бо терроризм хотима намеёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Гуруҳи “Ал-Қоида”соли 1988 аз сӯйи Усома Бин Лодан таъсис ёфта, шохаҳои сершумори он дар гӯшаҳои мухталифи дунё паҳн шуд. Дар тӯли чанд даҳсола ин созмон бо таҳаммулнопазирӣ, таҳдиду даҳшатафканӣ ва талоши эҷоди нафрат нисбат ба Амрикову Исроил ном баровард.

Майкл Кугелман, як пажӯҳишгари амрикоӣ мегӯяд, “Ал-Қоида шояд фавран нақшаи ҳамла ба ҳудуди Амрикоро тарҳрезӣ накунад, аммо аз сӯи дигар он як мухолифи идеологӣ барои Иёлоти Муттаҳида боқӣ мемонад. Барои ҳамин, рӯшан аст, ки мо бояд ин масъаларо содда нагирем.”

Ин таъкид, махсусан, ба Африқо рабт дорад, ки он ҷо шохаҳои зиёди гурӯҳи террористӣ фаъол аст.

Мартин Эвӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи амният, дар Африқои Ҷанубӣ бар ин назар аст, ки бо куштани раҳбарони созмони террористӣ таҳдид аз байн намеравад. "Машварати ман ба Байден ва ҳукумати Амрико чунин аст. Хуб, мо метавонем раҳбарони онро бикушем. Аммо ман фикр мекунам, ки ин як бахши кӯчаки мубориза бо терроризм аст. Таваҷҷӯҳи аслӣ бояд ба ҳалли омилҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ равона шавад, омилҳое, ки дар асл терроризмро ҳимоя мекунанд.”

Коршиносон бар ин назаранд, ки марги Аз-Завоҳирӣ ба фаъолияти гурӯҳ бетаъсир намемонад. Ҳарчанд дар миёни пайравони ин созмон Аз-Завоҳирӣ, мисли Усома Бен Лоден маъруф набуд, аммо ӯ чун як раҳбари “боинтизом” нуфуз дошт.

Колин Кларк, пажӯҳишгар, ба ин назар аст, ки Аз-Завоҳирӣ ин созмонро фаъолтар карда буд. “Саҳми Завоҳирӣ дар ҳифзи шабакаву гурӯҳҳои ин созмони сершоха, ки тавре медонед, то қораи Африқо ва гӯшаҳои дигари дунё фаъоланд, зиёд буд. Зоҳиран раҳбарии ин созмони террористӣ ва муттаҳид нигоҳ доштани шохаҳои он дар даврони ноороми “Баҳори араб” ва замони ташкили “Давлати Исломӣ” ба Завоҳирӣ эътибори бештар овард.”

Назарҳо дар мавриди инки пас аз марги Завоҳирӣ чӣ хоҳад шуд, гуногунанд. Бархе бар инанд, ки “Ал-Қоида” мисли мори “думбурида” хатарноктар хоҳад шуд. Гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки марги раҳбари “Ал-Қоида” фаъолиятҳои даҳшатафкании ин гурӯҳро камтар мекунад.

Ҷо Байден, президенти Амрико гуфт, “маъмурияти ман ба назорати бодиққати вазъ ва рафъи таҳдидҳо аз сӯйи “Ал-Қоида”, новобаста аз он, ки ин хатарҳо аз куҷо меоянд, идома медиҳанд.”

Таҳлилгарон ба эҳтиёткорӣ ва назорати ҷиддии вазъ даъват мекунанд.

Пажӯҳишгар Колин Кларк мегӯяд: “Ин гурӯҳҳо устувор ва хеле тавонманданд. Масъалаи нобуд ё бехатар кардани онҳо набояд аз назарҳо дур монад. Ман мефаҳмам, ҳоло ҳама талош дорад, таваҷҷӯҳи бештарро ба рақобат бо ду абарқудрат, Русия ва Чин равона кунанд ва муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризмро паси сар гузоранд.”

Созмони “Ал-Қоида” бори аввал соли 1993 ба Маркази тиҷоратӣ дар Амрико ҳамла кард ва шаш нафарро кушт. Аммо мудҳиштарин амали ин гурӯҳ ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 аст, ки қариб 3 ҳазор нафар дар Амрико кушта ба ҷой гузошт.

ИМА рӯзи 31-уми июл эълон кард, ки дар манзиле дар маркази Кобул Аз-Завоҳирӣ кушта шуд. Ин манзилро мутаалиқ ба раҳбарони Толибон медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG