Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон дар Термиз


Акси машқҳо аз вазорати дифои Узбекистон
Акси машқҳо аз вазорати дифои Узбекистон

Нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистон дар размоишгоҳи Термиз ба машқҳои муштараки низомӣ шурӯъ карданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Узбекистон бо нашри чанд акс аз ҷараёни тамринҳо хабар дод.

Машқҳои муштарак таҳти номи “Иттиҳод-2022” рӯзи 3-юми август оғоз шудаанд. Генерал-майор Шароф Эгамзод, муовини раҳбари Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Зайнобиддин Иминов, фармондеҳи нерӯҳои махсуси низомии Узбекистон, ки тамринҳоро раҳбарӣ мекунанд, изҳори умедворӣ карданд, ки ташкили машқҳои муштараки низомӣ робитаҳои дӯстӣ байни ду кишварро таҳким мебахшад.

Тамрини муштараки низомӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистону Узбекистон аз тавсеаи нуфузи Толибон дар Афғонистон нигаронанд. Дар чаҳор моҳи охир се бор аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистону Узбекистон мушак сар додаанд.

XS
SM
MD
LG