Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод шуд, ки ба русҳо раводиди Шенген надиҳанд. ВИДЕО


Парчами Украина дар назди порлумони Аврупо.
Парчами Украина дар назди порлумони Аврупо.

Вазорати корҳои хориҷаи Эстония хабар дод, ки додани раводидро ба шаҳрвандони Русия маҳдуд мекунад.

Пештар Таллин аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки ба шаҳрвандони Русия визаи Шенген дода нашавад. Дар ҳоле, ки Эстония ва Финландия масъалаи мушкилу маҳдуд кардани пешниҳоди виза барои русҳоро баррасӣ дорад, дар Русия барои дарёфти раводиди Шенген навбатпойиии тӯлонӣ эҷод шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Русҳо шикоят доранд, ки гирифтани визаи Шенген душвор шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, мардум чанд ҳафта равзана ё ҷойи холӣ ҷустуҷӯ мекунанд, то худро номнавис намоянд. Зане, ки барои гирифтани визаи Испания дар навбат меистод гуфт: "Мо як моҳ пеш номнавис кардем. Ду моҳ натавонистем сабти ном кунем. Ҳоло тавонистем, номнавис кунем ва мехоҳем визаро гирему тавассути Истамбул парвоз намоем. Ҳуҷҷатгузорӣ ба фарқ аз пеш мушкилтар шудааст. Онҳо ҳисоботи семоҳаи бонкиро талаб мекунанд. Дар суратҳисобат ҳадди аққал бояд 300 ҳазор рубл ($4839) бошад.”

Як хоҳишманди дигари визаи Шенген гуфт: “Номнавис кардан мушкил аст. Баъзан ту метавонӣ дар 3 рӯз равзанаи озод пайдо кунӣ. Ҳолатҳое мешавад, ки моҳҳо интизор мешавӣ.”

Ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод шудааст, ки додани раводиди Шенген барои шаҳрвандони Русияро манъ кунад. Вакилони порлумони Финландия бо чунин пешниҳод муроҷиат карданд. Аки Линден, сарвазири Финландия, эълон кард, ки Ҳелсинк бояд тартиби додани раводид ба русҳоро сахт намояд.

"Шахсан ман фикр мекунам, сиёсати пешниҳоди виза бояд сахттар шавад. Ин сабабҳои худро дорад. Новобаста ба мавсими таътилҳо, Вазорати корҳои хориҷаи Финландия омодааст, ин масъаларо бозбинӣ кунад.”

Пештар бархе аз кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтанд, пешниҳоди виза барои шаҳрвандони Русияро маҳдуд кунанд. Чехия, Эстония, Латвия, Литва, Руминия ва Лаҳистон танҳо ба аъзои хонаводаи шаҳрвандони ин кишварҳо ё дар ҳолатҳои маҳдуд ба русҳо виза медиҳанд. Лаҳистон талаб кард, ки ба шаҳрвандони Русия умуман барои ворид шудан ба қалавраи Иттиҳоди Аврупо раводид дода нашавад.

Нидерланд баъд аз хориҷ шудани намояндагии ин кишвар аз Маскав ба шаҳрвандони Русия раводид намедиҳад. Ин маҳдудиятҳо русҳоро нигарон кардааст. Яке аз онҳо гуфт: “Русҳо гуногунанд. Аз сӯйи дигар дар пешонии одам навишта нашудааст, ки ӯ кӣ аст. Вале ба назари ман қатъ кардани муносибат нодуруст аст. Зеро он ҷо бархе хешу табор ва ё дӯсту шинос доранд. Ман, масалан, дар он кишварҳо дӯстони зиёде дорам.”

Русия аз кишварҳоест, ки шаҳрвандонаш аз ҳам бештар барои дарёфти визаи минтақаи Шенген дархост медодаанд. Ба иттилои Комиссияи Аврупоӣ, дар давраи то пандемия, дар соли 2019 шаҳрвандони ин кишвар барои гирифтани виза беш аз чаҳор миллион дархост пешниҳод кардаанд. Фақат ба 1,5% посухи рад дода шудааст. Русҳо асосан бо ҳадафи истироҳат ба Аврупо мераванд.

Олександр Осауленко, роҳбари, Иттиҳодияи сайёҳии "Турпомош" гуфт: "Мо мебинем, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ ҳамоно интизори сайёҳони рус ҳастанд. Ширкатҳои ҳамкори мо дар ин кишварҳо сафар тариқи кишварҳои сеюмро пешниҳод мекунанд. Албатта, Вазорати корҳои хориҷӣ ва "Ростуризм" моро огоҳ кардаанд, вале тавре мебинем ҳарчанд, сайёҳии гурӯҳӣ ё оммавӣ ба кишварҳои аврупоӣ нест, вале дар алоҳидагӣ сайёҳон ҳамоно мераванд.”

Зоҳиран мақомоти Русия ба ҳамагуна тағирёбии вазъ омода ва аз ин ҳолат нороҳатанд. Дмитрий Песков сухангӯи Кремлин, эълон кард, ки дар сурати манъ шудани пешниҳоди раводиди Шенген ба шаҳрвандони Русия, Маскав ҷиддан аз чораҳои ҷавобӣ ва сахт кор хоҳад гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG