Субҳи имрӯз аввалин киштӣ соҳилҳои Одессаро тарк кард. Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки нирӯҳои русӣ бомбаборони самтҳои ҷанубии Украинаро идома доданд.
Олександр Кубраков, вазири зербиноҳои Украина гуфт, ки киштие бо номи “Разони” зери парчами кишвари Сиерра Лионе субҳи барвақти имрӯз аз назди соҳилҳои Одесса шино кард ва ба иттилои вазорати дифои Туркия, интизор меравад, ки он рӯзи 2 август ба Истамбул мерасад. Кубраков дар як изҳороташ дар Твиттераш дар ин бора хабар дода гуфт, ки “аввалин киштӣ аз замони таҷовузи Русия соҳилҳоро тарк кард.
Сипос ба кишварҳои шарик ва СММ, ки мо имкони пурра иҷро кардани созишномаи дар Истамбул имзошударо дорем”. Ба иттилои Маркази муштараки ҳамоҳангсоз, ки дар Истамбул ҷойгир буда, масъулияти назорати содироти маҳсулотро дорад, дар дохили киштии “Разони” 26 ҳазор тонна ҷуворӣ ҷой дорад.
Рӯзи 22 июл Русия ва Украина таҳти назари Туркияву СММ як созише имзо карданд, ки бар асоси он аз се нуқтаи соҳилии украинии Одесса, Черноморск ва Южний бояд содироти гандум шурӯъ шавад. Баъди ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал роҳҳои содироти гандум аз Украина, ки яке аз содиркунандаҳои калонтарини гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад, баста шуда буд ва ин ҳолат боиси эҷоди бӯҳрони ғизо дар ҷаҳон шуд.