Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати афғонӣ гуфт, чаро қарзи Тоҷикистонро дода наметавонад. ВИДЕО


Ширкати "Брешно"-и Афғонистон ба ширкати "Барқи тоҷик" 28 миллион доллар қарздор будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Ширкати "Брешно"-и Афғонистон ба ширкати "Барқи тоҷик" 28 миллион доллар қарздор будааст

Сарфи назар аз равобити сарди Душанбе ва Кобул дар як соли ахир, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, тарафи афғонистонӣ то ҳол натавонистааст пули барқро ба пуррагӣ бипардозад. Кишвари ҳамсоя таҳрими бонкҳои худро монеаи пардохти маблағи барқ гуфтааст. Коршиносон мегӯянд, масъала бояд аз роҳе ҳал шавад.

Аз 33 миллион доллар қарз танҳо 5 миллион

Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ширкати “Барқи тоҷик” наметавонад маблағи барқро пурра дарёфт кунад. Ин изҳорот бори дуюм аст, ки аз забони роҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” садо медиҳад.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" моҳи феврали имсол қарзи ширкати "Брешно"-и Афғонистонро 33 миллион доллар гуфта буд. “Корбарӣ рафта истодааст, ки қарздорӣ дар рӯзҳои наздик ба пуррагӣ пардохт карда шавад,"-гуфта буд раиси Барқи тоҷик.

Бо гузашти ним сол вазъият тағйир накардааст. Ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз 33 миллион доллари қарзаш дар оғози сол то ҳоло танҳо 5 миллион долларро пардохтааст.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, монеаи асосӣ дар гирифтани маблағ ин таҳрими бархе бонкҳои Афғонистон аст.

Ҷаноби Асозода изҳороти шаш моҳи пешро такрор кард ва гуфт, барои бозгардонии маблағи барқ "кормандони ширкати “Брешно” корбарӣ карда истодаанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби ширкати "Брешно" ин мушкилиҳо ҳал карда мешаванд ва интиқоли маблағ ба "Барқи тоҷик" амалӣ мешавад.”

Чаро “Брешно” қарздор аст?

Масъулини ширкати “Брешно” рӯзи 3-юми август зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтанд, бар асоси тавофуқ бо Тоҷикистон, “интиқоли пул ва барқ ҳамзамон идома пайдо мекунад.”

Асадулло Инъом, як масъули ширкати “Брешно” гуфт, ба андозаи тавони бонкҳо маблағи барқро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

“Ширкати “Брешно” тавони онро дорад, ки ҳамаи маблағро якбора пардохт кунад. Аммо мушкилоти бонкӣ вуҷуд дорад ва таҳримҳо ҳастанд. Ба ҳамин далел наметавонем, ки ҳамаи маблағро якбора пардохт кунем,”-гуфт ин масъули ширкати “Брешно.”

Ин масъули ширкати “Брешно” ҳамчунин гуфт, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон 6 миллион доллар интиқол медиҳанд.

Узбекистон маблағашро пурра гирифт, чаро Тоҷикистон не?

Кобул, яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар шаш моҳи имсол аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир кардааст. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 276 миллион киловат соат бештар аст. Нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент будааст. Дар 9 вилояти Афғонистон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.

Бархе таҳлилгарони афғон мегӯянд, масъала бояд ҳарчӣ зудтар аз роҳе ҳал шавад.

Амин Фарҳанг, собиқ вазири иқтисоди Афғонистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, интиқоли барқ як мавзӯи тиҷоратист, ки бар асоси муомила бояд ҳал шавад.

"Тоҷикистон барқи худро ба Афғонистон мефурӯшад, Афғонистон барои онки камбуди барқ дорад, онро харидорӣ мекунад. Дар ин муомилаи тиҷоратӣ тарафайн бояд ба муоҳидаи худ пойбанд бошанд ва тарафи афғонӣ пули барқро ба Тоҷикистон бидиҳад ва он тараф барқро расонад. Агар як тарафи ин муомила амалӣ нашавад, дар он сурат муомила аз байн меравад,"--афзуд Амин Фарҳанг.

Мушкил дар пардохти маблағи барқ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати энержии Узбекистон гуфтааст, ширкати "Брешно" пули барқи соли гузаштаро пурра пардохтааст. Вазорати энержии Узбекистон низ гуфтааст, ширкати барқи Афғонистон (Afghanistan Breshna Sherkat) пули 2151,3 миллион кВт/соат нерӯи барқеро, ки соли 2021 аз ин кишвар харидорӣ карда буд, пурра пардохт намудааст.

"Аз обро беҳуда партофтан, қарз диҳанд хубтар аст"

Коршиносони наздик ба мақомот мегӯянд, сарфи назар аз дарёфт накардани маблағ, Тоҷикистон феълан наметавонад интиқоли барқро ба Афғонистон қатъ кунад. Набудани бозори дигар, ба ҷуз аз Афғонистон ва барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон, аз ҷумлаи омилҳоест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, боис мешавад, Тоҷикистон интиқоли барқро ба Афғонистон идома диҳад.

Ба назари Ҳомидҷон Орипов, корманди Инситути иқтисодиёт ва муаллифи китоби “Бехатарии энергетикии Тоҷикистон”, “барқро захира карда намешавад. Агар талабот набошад, харидор набошад, бояд обро беҳуда аз обанбор сар диҳанд. Аз обро беҳуда сарф кардан Тоҷикистон зарар мебинад. Барқ тавлид карда онро ба қарз дода истода бошад ҳам, ягон роҳашро меёбем, гуфта истодаанд. Умед доранд, ки мегиранд, аммо чихел мегиранд намедонам.”

Ҳарду коршиноси ҳамсуҳбати мо таъкид мекунанд, ки вазъи феълӣ наметавонад солҳо тӯл кашад ва Афғонистон бояд аз роҳе маблағи барқи Тоҷикистонро пардозад.

Мушкил дар пардохти маблағи барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳоле ба миён омадааст, ки Душанбе ба ҳокимони нави Кобул робитаи дипломатӣ надорад. Мақомот, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз сиёсатҳои гуруҳи Толибон, ки қариб як сол аст дар Афғонистон ҳукумат мекунанд, ошкоро танқид кардаанд. Толибон дар пай ба Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG