Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамадаёз Навҷувонов, вазире дар гузаргоҳи сулҳ ва ҷанги Тоҷикистон


Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992
Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992

Мамадаёз Навҷувонов охирин вазири корҳои дохилии Тоҷикистони Шӯравӣ ва нахустин вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар зинда мебуд, рӯзи 3 август 80-сола мешуд. Ба ин муносибат навиштаи муаррих ва рӯзноманигори тоҷик Нуралии Давлатро ба нашр мерасонем. Дар бахши аввали он аз рӯйдодҳое гуфта мешавад, ки ин соҳибмансаби тоҷикро дар моварои ҳаводиси таърихсоз қарор дод.

Нуралии Давлат

М.Навҷувонов: Аз аскари қаторӣ то генерал.

Бахши 1

Коменданти низомӣ

Номи Мамадаёз Навҷувонов баъди намоиши телевизионии ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ рӯзи 25 марти соли 1992 сари забонҳо уфтод. Ва ин иртибот дошт бо муҳокимаи фаъолияташ дар Раёсати Шӯрои олӣ зери роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев. Дар ҷаласа прокурори собиқ С.Кенҷаев вазири корҳои дохилиро истинтоқ карда, ҳамчунин ӯро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ ва берун шудан аз ваколатҳои хизматӣ муттаҳам намуд. Ҳамин ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ рафти воқеаҳоро дар Тоҷикистон тағйир дод ва дар натиҷа қувваҳои сиёсӣ дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Ахиран дар моҳи майи соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки бар асари он даҳҳо ҳазор нафар ҷон бохтанд.

Навҷувонов дар вазифаи вазири ВКД дар давраи ҳассос – дар арафаи суқути давлати абарқудрати Шӯравӣ ва нахустин соли истиқлоли кишвар фаъолият кард.

Тавре худи ӯ соли 1998 дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ҳамагӣ баъди 4 ё 5 моҳи ба ин мансаб таъйин шуданаш, дар шаҳри Исфара низоъ бо қирғизҳо сар зад. Вазъи Исфара ором нашуда буд, ки дар моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ шуруъ шуд ва дар пайи он 25 нафар куштаву садҳо тани дигар захм бардоштанд. Тибқи қонун Навҷувонов дар ҳардуи ин шаҳр вазифаи комендантиро ба ӯҳда дошт. Аммо вазъият дар ҷумҳурӣ дар пайи афтондани ҳайкали Ленин рӯзи 23 сентябри соли 1991 муташанниҷ ва дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии 2-ҳафтаина шурӯъ шуд. Дар ин шароит ВКД зери роҳбарии генерал Навҷувонов ҳозир нашуд, ки онро пароканда кунад.

“Кадр”-и Маскав

М.Навҷувонов моҳи марти соли 1989 ба вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Бархе манобеъ таъкид мекунанд, ки ба ин мансаб номзадии 12 нафар пешниҳод шуда буд, аммо Маскав маҳз ӯро интихоб мекунад.

Чаро маҳз Навҷувонов? Кенҷаев иддао мекунад (китоби “Табаддулоти Тоҷикистон”), ки собиқ раиси Президиуми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев мусоидат мекунад, ки ҳамшаҳраш Навҷувонов ин курсиро ишғол намояд. Нарзулло Дӯстов менависад (китоби “Захм бар ҷисми ватан”), ки Навҷувонов бо ёрии ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода вазири ВКД ҶШС Тоҷикистон шуда буд. Кенҷаев ва Дӯстов дар ин иртибот ҳич далеле пешниҳод намекунанд. Аз ҷониби дигар, ин ду нафар рақибони оштинопазири Навҷувонов буданд, лиҳозо, иддаои онҳоро ҳамчун далели объективӣ пазируфтан мушкил аст.

Фарзияи дигарро солҳо қабл яке аз соҳибмансабони системаи Муассисаҳои ислоҳотӣ ба муаллифи ин мақола изҳор дошта, гуфта буд, ки номзадии М.Навҷувоновро вазири корҳои дохилии ИҶШС Вадим Викторович Бакатин дастгирӣ кардааст. Сабаби ин дастгирӣ дар он будааст, ки зимни сафари худ ба Душанбе Бакатин ба полке, ки онро Навҷувонов роҳбарӣ мекард, ташриф меорад ва назму низом дар ин қисми ҳарбӣ ба ӯ маъқул мешавад. Аз сўи дигар, вазири оянда дар омӯзишгоҳ, омӯзишгоҳи олӣ ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе таҳсил карда, ҳамчунин то замони омадан ба Тоҷикистон дар як қатор шаҳрҳои Русия хизмат карда буд ва дар Маскав инро ҳатман ба назар мегирифтанд. Гузашта аз ин, Навҷувонов барои Маскав афсари шинохташуда буд. Масалан, моҳи апрели соли 1970, замоне ки ӯ 28 сол дошт, номашро дар Китоби фахрии Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС навишта буданд. Аз ҷониби дигар, соли 1972 ба Навҷувонов шахсан вазири ВКД ИҶШС Н.А.Шелоков ордени “Ситораи Сурх” супорида буд.

Ин нукта ҳам бояд зикр шавад, ки бо ордени “Ситораи Сурх” аскарону афсарони артиш барои корнамоиҳои ҷангӣ қадр мегардиданд. Аз ин рӯ, дар замони осоишта ин орденро хеле кам медоданд. Барои мо дақиқ аён нест, ки Навҷувонов дар замони осоишта барои кадом корҳояш бо ордени “Ситораи Сурх” қадр шуда буд. Ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки ў ба онҳо роҳбарӣ мекард, борҳо ташаббускор ва ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ дар миёни қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС гардида буданд. Дар маҷмӯъ, Навҷувонов қариб 100 мукофот гирифта буд. Қисми ҳарбие, ки роҳбарии онро ў то замони расидан ба курсии вазирӣ ба ӯҳда дошт, яке аз полкҳои дивизияи 88-уми конвойи Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС буд. Полкҳои дигари он дар Ӯзбекистон ва Туркманистон воқеъ буданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки полки полковник Навҷувонов яке аз беҳтарин қисмҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қӯшунҳои дохилии ВКД ИҶШС маҳсуб мешуд. Алӣ Мастов, иқтисодшиноси тоҷик, ки нимаи дуюми солҳои 1980 дар яке аз полкҳои дивизияи мазкур дар ҶШС Ӯзбекистон хизмат кардааст, мегӯяд, обрӯи полковник Навҷувонов дар дивизия хеле баланд буд ва ӯро на танҳо афсарон, балки роҳбарияти дивизия эҳтиром мекарданд.

Истинтоқ

Чунонки дар боло ишора кардем, 25 марти соли 1992 раиси Шӯрои олӣ С.Кенҷаев фаъолияти Навҷувоновро мавриди баррасӣ қарор дод, аммо он бештар ба истинтоқ ва таҳқир монанд буд. Ба қавли Кенҷаев, фаъолияти ВКД ва вазир Навҷувоновро дар давоми 2 моҳ кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД, кормандони чандин вазоратҳо бо роҳбарии мутахассисони калони Шӯрои Олӣ санҷида буданд. Дар ҷаласаи мазкур бо истинод ба натиҷаҳои санҷиш Навҷувонов барои чораҳои зарурӣ надидан нисбат ба сардорони ШКД-и шаҳри Қўрѓонтеппа ва ноҳияи Қумсангир айбдор шуд. Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор шуд, ки 139 адад мошини хидматиро бо нархҳои арзон фурўхтааст, аз ҷумла, як қатор мошинҳо ба корхонаҳои бегона ва ё берун аз ҷумҳурӣ ба савдо рафтаанд. Тазаккур дода шуд, ки Навҷувонов адолати иҷтимоиро поймол намуда, ба рўйхати кормандони системаи ВКД, ки бояд барои манзили истиқоматӣ дар минтақаи Теппаҳои шарқӣ замин мегирифтанд, танҳо як нафар милисаи қаториро дохил кардаасту халос. Гузашта аз ин, вазири ВКД ба он муттаҳам шуд, ки баъди кўчидан аз маҳаллаи Гулбутта ба хонаи нав, хонаи пештараашро ба фарзандонаш додааст, инчунин ў як бўстонсарои дуошёнагӣ ҳам доштааст.

Баъди шунидани гузориши мазкур Кенҷаев бо лаҳни хеле дурушт Навҷувоновро истинтоқ кард. Вазир изҳор дошт, ки гузориши комиссияро шаб гирифтааст, бино бар ин, барои ӯ вақт лозим аст, то онро омӯзад ва посухи мушаххас диҳад. Аммо ин дархост сарфи назар шуд ва Раёсати Шўрои Олӣ ба президент Раҳмон Набиев пешниҳод намуд, ки Навҷувоновро аз вазифа барканор кунад. Азбаски лаҳни С.Кенҷаев хеле дағал буд, Навҷувонов бо эътироз гуфт: “Шумо бо ин амалатон мехоҳед, ки мо кўҳистониҳоро ба зону шинонед!”

“Рафтори нобихрадона” ё нақшаи тарҳрезишуда

Пахши ин ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ тавассути телевизиони ҷумҳурӣ шоми ҳамон рўз боиси норизоиятии бисёриҳо гардид. Аз ҳама бештар ҳамшаҳриҳои вазир худро таҳқиршуда ҳисобиданд. Лиҳозо, субҳи рӯзи дигар даҳҳо нафар ҳамшаҳриҳои Навҷувонов дар майдони Шаҳидон ба пуштибонии ў гирди ҳам омаданд. То шом теъдоди эътирозгарон ба чанд ҳазор нафар расид. Аслиддин Соҳибназаров дар китоби худ “Субҳи ситоракуш” менависад, ки соати 12-и шаб тариқи телефон бо О.Оламов, собиқ мудири шӯъбаи КМ ҲКТ дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштааст. Ба қавли Соҳибназаров, Оламов мегӯяд, ки ду бор ба хонаи Набиев занг зада, норозигии худро баён кардааст, аммо Набиев ҷавоб додааст: «Ман хабар надорам. М.Навҷувонов коргари нағз аст. С.Кенҷаев истинтоқро аз пеши худ оғоз кардааст. Вай гапи маро намегирад».

Баъди шунидани ин суханон Оламов мегӯяд, ки бадахшониҳо ба майдон мебароянд. «Ба фикрам мумкин дигар илоҷ набошад. Сафаралй бояд донад, ки ин кораш хатост», -ҷавоб додааст Набиев.

Ба қавли Соҳибназаров, вақте Оламов аз ӯ маслиҳат пурсидааст, ки ба митинг бароянд ё не, ӯ посух додааст, ки ба хотири Навҷувонов касеро бедор накунед, ба майдон ҳам набароед, зеро ин бозии сиёсӣ аст ва онро президент Набиев бе ҷанҷолу бе майдон метавонад ҳал кунад. Дар асл, тавре Кенҷаев ва Навҷувонов баъди бӯҳронӣ шудани вазъият менависанд, президент Набиев аз баррасӣ шудани фаъолияти ВКД ва вазир Навҷувонов дар рӯзи 25 март хабар дошт. Дар ин иртибот Навҷувонов зимни мусоҳиба бо Додоҷон Атовуллоев (“Шараф чизи таҷовузнопазир аст”, “Чароғи рӯз”, №15, с.1992), ки баъди чанд рӯзи ҷаласаи мазкур чоп шуд, мегӯяд: “Ҳамон рӯзе, ки маро муҳокима мекарданд, саҳари барвақт ба Набиев телефон кардам ва ҳамаашро гуфтам.
-Ман ё ба Кенҷаев занг зада мегӯям, ё худам иштирок мекунам, - ваъда дод президент”.

Кенҷаев ҳам дар китобаш менависад, ки ӯ қаблан на танҳо президент Набиев, балки витсе-президент Н.Дӯстов ва сарвазир Акбар Мирзоевро низ дар ҷараён гузошта буд, аммо ин ду нафар бо баҳонаҳои гуногун аз ширкат дар ҷаласа худдорӣ карданд. Ба гуфтаи Кенҷаев, тибқи маслиҳати пешакӣ, баъди анҷоми ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ бояд ӯ қарорро дар масъалаи барканор кардани Навҷувонов ба дастгоҳи раиси ҷумҳур мефиристод ва Набиев онро имзо мекард. Ҳамин тариқ, соати 12 қарор ба Набиев фиристода мешавад, аммо ӯ онро имзо намекунад. Кенҷаев бегоҳ барои фаҳмидани ин мушкилот ба дафтари кории Набиев меравад, аммо раиси ҷумҳур гапро дигар тараф бурда, гуфтааст: «Як омӯзем. Реакция нашавад. Реакция».

Кенҷаев аз ин амали Набиев хулоса карда, чунин менависад: “Алқисса, рафтори нобихрадона карда (Р.Набиев дар назар аст - Н.Д), каси дигарро фиреб дода, ба оташ партофтан ва худ аз миёни обу оташ чун мусичаи бегуноҳ баромаданро донистан даркор будааст”.

Ин нуктаро низ бояд зикр намуд, ки аслан муҳокимаи вазир ба салоҳияти Президент ва Ҳукумати кишвар дохил мешуд, на раис ва на Раёсати Шўрои Олӣ. Аммо тавре ки дидем, Набиев ин миссияро бар дӯши С.Кенҷаев вогузошт, дар ниҳояти кор Навҷувоновро ба истеъфо нафиристод ва Раиси Шўрои Олиро зери зарба монд.

Азбаски ихтилоф миёни Р.Набиев ва С.Кенҷаев мавзӯи дигар аст, дар ин матлаб сари он баҳс намекунем. Аммо баъд чӣ воқеаҳо рӯй дод, дар бахши дувуми ин матлаб хоҳед хонд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG