Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон нақша дорад, зимистон 2,7 млрд кВт/соат барқ содир кунад


Яке аз зеристгоҳҳои тақсими барқ дар Қирғизистон.
Яке аз зеристгоҳҳои тақсими барқ дар Қирғизистон.

Зимистони соли ҷорӣ Қирғизистон нақша дорад, ки 2,7 млрд кВт/соат неруи барқ содир кунад. Дар ин бора рӯзи 27-уми июл вазири энержии он кишвар Доскул Бекмирзоев хабар дод.

Вай гуфт, дар обанбори Токтогул айни замон 12 млрд 802 млн метри мукааб об захира шудааст.

"Фикр мекунам, дар тирамоҳу зимистон захираи об ба 13,5 млрд метри мукааб хоҳад расид. Бо ҳисоби содироти 2,7 млрд кВт/соат неруи барқ мо зимистони пешорӯро пушти сар мекунем", - гуфт вазир.

Қирғизистон ҳамасола ба 15 млрд кВт/соат неруи барқ ниёз дорад. Ин ниёз солона дар ҳаҷми 4-5% меафзояд.

Бино ба шартномаҳои дуҷониба, Қирғизистон бо кишварҳои ҳамсояаш табодули энержӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG