Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия маркази ҳамоҳангсозии содироти гандуми украиниро таъсис дод


Кори маркази ҳамоҳангсозӣ, ки дар шаҳри Истамбул таъсис ёфт, рӯзи 27 июл шурӯъ шуд
Кори маркази ҳамоҳангсозӣ, ки дар шаҳри Истамбул таъсис ёфт, рӯзи 27 июл шурӯъ шуд

Мақомоти Туркия як маркази муштараки ҳамоҳангсозеро таъсис доданд, ки машғули содироти гандуми украинӣ мешавад. Онҳо умедвор ҳастанд, ки интиқоли гандум аз Украина рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад. Киев гуфтааст, ки кор дар се нуқтаи соҳилии Баҳри Сиёҳ шурӯъ шуда, мутобиқ ба мувофиқаҳои таҳти миёнҷигии СММ бадастомада ҷараён дорад. Бо шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина содироти захираҳои гандум аз ин кишвар, ки азимтарин содиркунандаи он дар ҷаҳон будааст, қатъ шуд.

Марказе, ки 27 июл боз шуд, бо таъмини амнияти интиқоли гандум тавассути киштиҳо, назорат ва санҷиши бор, ҷилавгирӣ аз убури силоҳҳои мамнӯъ машғул хоҳад шуд. Анкара, ки бо Украинаву Русия равобити қавӣ дорад, тавонист дар ташкили кори содироти гандум аз кишвари ҷангзада нақши муҳиме иҷро кунад.

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки кор дар бахши интиқоли гандум дар соҳилҳои Одесса, Черноморск ва Пивденний шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG