Дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 2684 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, аз ин теъдод 864 ҳолат дар шаҳри Нурсултон, 505 ҳолат дар шаҳри Алмато ва ҳолатҳои боқимонда дар минтақаҳои дигари Қазоқистон сабт шудааст.
Бино ба баҳогузории тиббӣ, рӯзи 27 июл шаҳри Нурсултон ба минтақаи "зард" шомил карда шуд.
Бадшавии вазъи беҳдоштӣ дар Қазоқистон аз ибтидои моҳи июл оғоз гардид.