Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Вазорати молия бо "Талко менеҷмент" барои пардохти 914 ҳазор доллари қарзаш созиш кардааст

Корхонаи ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.
Корхонаи ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.

Вазорати молияи Тоҷикистон розӣ шудааст, ки корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" пули қарзашро давра ба давра пардохт кунанд.

Қаблан Вазорати молия гуфта буд, ширкати "Талко менеҷмент" фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.

Дар ин бора Зокирҷон Амирзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ хабар дод. Вай гуфт, ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд ва "пул давра ба давра пардохт мешавад."

Бар асоси иттилое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, "Талко менеҷмент" ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар (11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ) ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ (37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ) фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, байни ду тараф “баҳс дар бораи хидматрасонии қарз вуҷуд дорад ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад."

Ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест. Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи давлатӣ ва саноатии кишвар аст, ки солона садҳо ҳазор тонна алюминий истеҳсол ва содирот мекунад ва дар гузашта ҳам дар додгоҳҳо баҳсҳои молӣ доштааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Қазоқистон фаъолияти Нурлан Сабуровро месанҷанд

Нурлан Сабуров
Нурлан Сабуров

Додситонии кулли Қазоқистон нақша дорад, фаъолияти ҳаҷвнигори маъруф Нурлан Сабуровро бар асоси моддаи “зархаридӣ” бисанҷад. Сабаб эҳтимоли даст доштани ӯ дар таъминот ё маблағгузории низомиёни Русия гуфта мешавад.

Дар ин бора Галимҷон Койгелдиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, хабар додааст. Бар асоси қонун дар Қазоқистон, маблағгузорӣ ба низоъҳои мусаллаҳона манъ аст ва барои ин амал аз 7 то 12 сол зиндон пешбинӣ мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ба санҷиши додситонӣ як навиштаи раҳбари шаҳри Истра аз тобистони соли гузашта дар Телеграм сабаб шуд. Вай гуфтааст, Сабуров ба майдони ҷанг 10 мототсикл фиристод.

Мақомоти интизомии Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд. Як манбаи хабаргузории расмии “РИА Новости” гуфтааст, далели чунин қарор ба танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва молиёт рабт дорад.

Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6-уми феврал бо ҳавопаймои Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро хориҷ карданд. Ҳаҷвнигор ба Қазоқистон баргаштааст.

Ҳафт созмонро дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ барҳам додаанд

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон

Кори ҳафт созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон соли 2025 бо қарори додгоҳ қатъ карда шудааст.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "ин созмонҳо аз доираи оинномаашон берун фаъолият карданд."

"Масалан, аз Вазорати маориф иҷозатнома надорад, фаъолияти таълимӣ бурдааст. Ё бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ дар бахши тиббӣ кор кардааст. Мақсади мо ҳамин аст, ки созмонҳо дар доираи оинномаашон бояд фаъолият кунанд," – шарҳ дод ӯ.

Ҳафт созмони иҷтимоӣ, ки бо қарори додгоҳ барҳам дода шудаанд, Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, "Маъюбон, мо метавонем”, Меҳри модар”, “Ассосиатсияи дӯстодорони табиати Суғд”, “Чорбоғи Азиз”, “Федератсияи истифодабарандагони об” ва ва “Шӯрои рушди шаҳри Панҷакент” ҳастанд.

Як намояндаи Маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “баъзе аз камбудҳои хурду резаро асос карда, онро барҳам доданд”. Вай афзуд, мақомот дар бораи рафъи камбудҳо ба онҳо ҳеч огоҳинома надода буданд.

Дар Вазорати адлия гуфтанд, ки дар соли гузашта 78 созмони дигари иҷтимоӣ “бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла душвории молӣ” худро барҳам додаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар умум дар Тоҷикистон 1700 созмони иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.

Вазъи созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз соли 2015, пас аз ислоҳи қонунгузорӣ, бад шуд ва бино ба омори расмӣ дар се соли охир беш аз ҳазор созмони иҷтимоӣ барҳам дода шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шароити беҳтар ва “сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, фароҳам оварад”.

Аъзои як оила дар Душанбе духтари 21-солаи худро меҷӯянд

Акси Таҳмина Шарифоваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Таҳмина Шарифоваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Як хонавода дар шаҳри Душанбе беш аз даҳ рӯз боз наметавонанд духтари 21-солаи худро пайдо кунанд.

Ба гуфтаи наздикон, Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббӣ дар пойтахт рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шудааст.

Ба нақли падараш, “ӯ бегоҳи он рӯз аз хона ба мағоза рафт ва бо ҳамин нопадид шуд.

Зангҳои пайиҳами телефонии волидон беҷавоб монда, пас аз соати даҳи шаб телефон комилан хомӯш шудааст. Ҷустуҷӯҳои наздикон ва мақомоти интизомӣ то имрӯз натиҷа надодаанд.

Наздикони Таҳмина, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ва наздик ба рӯдхонаи Душанбе зиндагӣ доранд, мегӯянд, дарёву кӯлҳоро ҷустуҷӯ ва ҳама хешу наздиконро пурсуҷӯ кардаанд, аммо аз ӯ нишоне нест.

Вазири адлия нагуфт, ки дар Боздоштгоҳи Хуҷанд чӣ гузашт

Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён

Вазири адлияи Тоҷикистон тирпарониро дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ чанд кушта дошт, шарҳ надод.

Музаффар Ашӯриён рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ бе тасдиқ ё инкори ҳодиса гуфт, посухи ин суол дар салоҳияти онҳо нест.

"Инро аз ман напурсед. Аз шумо хоҳиш кардам. Ба суолатон ҷавоб намедиҳем," -- гуфт Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ. Ин дар ҳолест, ки зиндону боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон тобеи Вазорати адлия аст.

Чанд ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.

Як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд низ бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфт, "аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд." Вай дар бораи нигаҳбон чизе нагуфт.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.


Аз тоҷирони тоҷик хостаанд, ба наврасон "энергетик" нафурӯшанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонси "Тоҷикстандарт" аз тоҷирон талаб кардааст, ки дигар ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои нерӯбахш ё ба истилоҳ "энергетик" нафурӯшанд.

Ба иттилои мақомот, тибқи муқаррарот харидории ин навъи нӯшокиҳо танҳо барои шахсони аз 18-сола боло иҷозат аст.

Масъулин аз афзоиши истифодаи нӯшокиҳои нерӯбахш махсусан миёни ҷавонон ва наврасон нигаронӣ кардаанд.

Ин нӯшокиҳо аксаран барои рафъи хастагӣ ва гирифтани нерӯ истифода мешавад.

Аммо ба таъкиди муттахассисон, истифодаи он фақат барои калонсолон ва рӯзе як бор мумкин буда, барои наврасон зарари ҷиддӣ доштааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба "Тоҷикстандарт" гуфтааст, санҷиши муттахассисон дар яке аз корхонаҳое, ки ба тавлиди нӯшокиҳои нерӯбахш машғул аст, маълум кардааст, ки дар таҳияи он оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешавад.

Ҳалокати мактабхони 9-сола дар Шуғнон дар пайи ҳамлаи як гург

Ноҳияи Шуғнон. Акс аз бойгонӣ
Ноҳияи Шуғнон. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҳамлаи гург дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯдаки тақрибан 9-сола фавтидааст.

Бино ба иттилои мақомот, ҳодиса рӯзи 9-уми феврал дар деҳаи Шазуди Ҷамоати Ванқалъа рӯй дод.

Гурги гурусна дар роҳ ба мактаб ба як хонандаи синфи се ҳуҷум кардааст.

Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.

Сомонаи Pamir Inside, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро бозтоб медиҳад, рӯзи 11-уми феврал навишт, ки дар пайи ҳамлаи гург ба хонанда, раиси вилоят ба раҳбарони ноҳияҳо дастур додааст, ки дар минтақаҳои куҳӣ мактаббачаҳо бо роҳнамоии калонсолон ба мактаб бурда шаванд.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сурати мушоҳидаи гургон дар наздикии хонаҳои худ фавран ба милиса хабар диҳанд.

Дар фасли сармо хатари ҳамлаи гургу ҷонварони дигари ваҳшӣ ба сокинон дар Бадахшон зиёд мешавад.

Дар гузашта низ дар ин минтақа дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ маргу мири сокинон сабт шуда буд.

Ба навиштаи Pamir Inside, солҳои ахир шумори гургон дар Вилояти Бадахшон зиёд шудааст.

Дар зимистон даррандаҳо аз гуруснагӣ маҷбур мешаванд ба маҳаллаҳои аҳолинишин ворид шаванд.

Рухшона ва Улфатхоним. Вазъи ду бонуи тоҷик дар зиндон

Рухшона Ҳакимова
Рухшона Ҳакимова

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки хабарнигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро аз маҳбас раҳо кунад. Даъвати ин созмон дар солгарди эълони ҳукми ӯ, ки ҳомиёни ҳуқуқ дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд, нашр шуд.

Жанна Кавелйе, мудири дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як паёми видеоӣ аз Порис ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рухшонаро барои пурсише дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон ҷазо доданд. Барои пурсише, ки ҳеч гоҳ нашр нашудааст. Ин ҳукм худсарона аст ва паёми хашине ба ҳар нафарест, ки аз пайи таҳқиқот ё савол додан мешавад. Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукми Рухшона Ҳакимоваро ба шиддат маҳкум ва даъвати худро барои озодии фаврӣ ва беқайду шарти Рухшона такрор мекунад. Ҷустуҷӯи иттилоъ хиёнат нест ва ҳеч нафар набояд барои ин ҳабс шавад.”

Нигаронӣ аз ҳоли рӯзноманигорони маҳбус Рухшона Ҳакимова ва Улфатхоним Мамадшоева
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Рухшона Ҳакимоваи 32-сола рӯзи 5-уми феврали соли 2025 дар доираи парвандаи ба ном "кӯшиши табаддулот" дар қатори ҳашт сиёсатмадору мақомдори собиқ, ки ҳама аз 8 то 27 сол ҳабс шуданд, пушти панҷара рафт. Ҳакимова худро бегуноҳ меномад. Пайвандонаш моҳи декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ аз шароити зиндон шикоят надорад ва аҳволаш хуб аст. Дар маҳфилҳои зиндон ширкат мекунад ва забони англисӣ меомӯзад.

Улфатхоним Мамадшоева чӣ ҳол дорад?

Дар нишасти хабарии ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки 9-уми феврал дар Душанбе барпо шуд, аз мақомот вазъи саломати Улфатхоним Мамадшоева, як бонуи дигари маҳбусро пурсиданд, ки ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, парвандааш на ҷиноӣ, балки сиёсист.

Як масъули ин идора гуфт, бо Рухшона Ҳакимова ва Улфатхоним Мамадшоева “шахсан” суҳбат кардааст ва “онҳо шикояти хосе надоштанд, Улфатхоним ҳатто гуфт, ки ман ба занони дигар дарсҳои забони англисӣ ташкил кардаам”. Ин намоянда бобати талаби даҳҳо созмони ҷаҳонӣ, ки Рухшона ва Улфатхоним озод карда шаванд, чизе нагуфт.

Улфатхоним Мамадшоева
Улфатхоним Мамадшоева

Мамадшоеваи 69-сола соли 2022 дар паи саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо айбномаи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳомоти дигар ба 21 соли ҳабс маҳкум шуд. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шуданаш дар моҳи майи он сол худаш ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад. Мурофиа паси дарҳои баста гузашта, ягон далели боварбахши қонуншикании ӯ ба ҷомеа пешкаш нагардид.

Бино ба иттилои маҳдуд аз дохили зиндон, Мамадшоева аз фишорбаландӣ ва дарди чашм шикоят мекард ва мақомоти идораи зиндонҳо соли 2024 гуфтанд, ёрии зарурии тиббиро дастрас мекунанд. Аммо дар як соли гузашта 7 маҳбус дар Тоҷикистон ба иллати дастрас накардани кумаки тиббӣ даргузаштанд.

Дар зиндони занонаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак ҷойгир аст, ҳоло 471 зан бо ҳукм ва айбномаҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд.

Толибзода гуфт, Тоҷикистон барои халосии се бонк аз таҳрим талош дорад

Фирдавс Толибзода
Фирдавс Толибзода

Раиси Бонки миллӣ гуфт, Тоҷикистон барои аз феҳрасти таҳримҳо берун овардани "Спитамебонк", "Душанбе Сити" ва "Коммерсбонк" талош дорад. Ин таҳримҳоро Шӯрои Аврупо ҷорӣ кардааст ва дар пайванд ба ҷанги Русия дар Украина.

Фирдавс Толибзода рӯзи 11-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои поин овардани хавфҳо ва пешгирӣ аз таҳримҳо чанд дафъа бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот карданд ва баррасии масъала идома дорад.

Ӯ афзуд, "мехоҳем ё намехоҳем, чунин таҳримҳо ба бонкҳо таъсир мегузоранд", вале дар бораи пайомади ин тасмим ҷузъиёт надод.

Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шуд, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.

Томаш Востовски, мушовири роҳбурдӣ (стратегӣ) дар мавриди муқаррароти Иттиҳоди Аврупо, гуфт, “ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳрасти сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнӯи бонкӣ мусоидат кардаанд.”

Нетаняҳу барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон рафт

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, ки музокираи Амрико бо Эрон дар садри гуфтугӯҳояш бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико қарор хоҳад дошт. Интизор меравад Нетаняҳу имрӯз, чоршанбеи 11 феврал бо Трамп дар Вашингтон дидор кунад.

Нахуствазири Исроил пеш аз сафар ба Амрико дар як паёми видеоӣ гуфт, ки мавзӯъҳое чун Ғазза ва минтақаи Ховари Миёна, бахше аз барномаи дидораш бо Трамп хоҳад, аммо авлавияти аслии гуфтугӯ дар бораи музокира бо Эрон аст.

Исроил хостори амалкарди сахттари Амрико дар баробари барномаи мушакҳои баллистикии Эрон аст.

Эрон густариши доманаи гуфтугӯҳояш бо Амрико фаротар аз барномаи ҳастаии худро рад кардааст.

Аммо Вашингтон мехоҳад барномаи мушакҳои баллистикии Эрон ва ҳимояти Теҳрон аз гурӯҳҳои ниманизомии минтақаӣ низ рӯи миз бошад.

Намояндагони Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта дар Масқат, пойтахти Умон ба таври ғайримустақим музокира карданд.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои напардохтани алимент сахттар мешавад

Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро.

Дар Тоҷикистон ҷазо ё маҳдудият нисбати шахсоне, ки аз пардохти алимент ба фарзандони худ саркашӣ мекунанд, сахттар мешавад. Мақомоти Хадамоти иҷро дар ин бора рӯзи 10 уми феврал хабар доданд.

Падар ё модароне, ки пули алименти фарзандонро пардохт намекунанд, ҳоло ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ё "рӯйхати сиёҳ"-и Хадамот ворид шуда, ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси ин ниҳод дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, дар оянда шахсони қарздор, ҳамчунин аз ҳуқуқи истифодаи хидматрасониҳои давлатӣ ва хадамоти гуногун мисли пардохти андоз барои воситаи нақлиёт, сабти туйи домодиву арусӣ, иҷоза барои оғози корҳои сохтмонӣ низ маҳрум мегарданд.

Ба иттилои расмӣ, ҳоло исми зиёда аз 3 ҳазору 800 нафарро, ки аксарият пули алиментро пардохт накардаанд, ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид намудаанд, ки ин омор дар муқоиса ба соли пеш аз 2 ҳазор нафар зиёд будааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ба Аврупо меравад

Марко Рубио
Марко Рубио

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҷиҳати иштирок дар Конфронси солонаи сулҳи Мюнхен охири ин ҳафта дар раъси як ҳайати баландпоя ба Олмон меравад. Сипас ӯ ба Словакия ва Маҷористон сафар хоҳад кард.

Ин сафар дар марҳилаи ҳассос анҷом мешавад. Вашингтон ва ҳампаймонҳои аврупоияш бо беэътимодӣ дар бораи амният, тиҷорат ва ояндаи сиёсии ин минтақа дасту панҷ нарм мекунанд. Танишҳое, ки интизор меравад бар баҳсҳои Конфронси сулҳи Мюнхен соя афканад.

Ҷанги Русия алайҳи Украина ва таниш дар атрофи Эрон эҳтимол аз мавзуъҳои асосии баҳс дар ин конфронс бошанд. Баъд аз нишаст дар ин ҳамоиш дар рӯзҳои 13-15-уми феврал, Марко Рубио 15-16-уми феврал дар Братислава ва Будапешт мешавад. Интизор меравад, ки дар Словакия ӯ бо мақомоти баландпоя мулоқот кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки интизор меравад ӯ дар Словакия бо мақомоти баландпоя дар бораи ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ ва тарҳҳои энержӣ суҳбат кунад.

Дар Маҷористон меҳвари гуфтугӯҳои Марко Рубио дар бораи равобити дуҷониба ва талошҳои сулҳ бо ҳадафи ҳалли муноқишаҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Меҳвари аслии сафари Рубио мумкин аст суханронии барномарезишудаи ӯ дар Мюнхен дар 14-evb феврал бошад, ки қарор аст таҳти баррасии дақиқ қарор гирад -- ба вижа дар сояи конфронси соли гузашта -- ҷойе, ки суханронии муовини раисҷумҳури Амрико Ҷеймс Дейвид Ванс сару садо ба по кард.

навшуда

Барканории Қамчибек Тошиев ва се муовинаш

Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, ки номаш дар пайванд ба баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, аз мақом барканор карда шудааст.

Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал имзо кард.

Сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишт, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа (ҷудоӣ) нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”

Се муовини Қамчибек Тошиев дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз вазифа сабукдӯш шуда, ба ҷойи онҳо афроди нав таъйин гаштаанд.

Манобеи наздик ба Тошиев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз кор ронда шудани ӯро "комилан ғайричашмдошт" номида, гуфтанд, вай ин хабарро замоне шунид, ки машғули табобат буд.

Дар яке аз сафоратҳои Қирғизистон дар Аврупо рӯзи даҳуми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, Қамчибек Тошиев дар шаҳри Мюнхени Олмон табобат мегирад.

Тошиев ва се муовинашро аз мансаб барканор кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Қамчибек Тошиеви 57-сола, ки аз ҳампаймонҳои раисҷумҳури Қирғизистон буд, пас аз рӯйдодҳои октябри соли 2020 дар Қирғизистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар таъйин шуда, ба гуфтаи худаш, муборизаро алайҳи фасоди молӣ ва ҷинояткории созмонёфта эълон кард.

Дар аҳди раёсати ӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чанде аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон дастгиру кушта ва молу амволашон ба фоидаи давлат мусодира шуд. Ҳамзамон бо ин, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони мухолифу расонаҳои озод низ афзоиш ёфт.

Қамчибек Тошиев дар ҳалли баҳси сарҳадӣ бо Тоҷикистон, ки солҳои охир шоҳиди задухӯрд ва кушта шудани даҳҳо нафар аз ду тараф буд ва соли 2025 бо созиши марзӣ поён ёфт, ҳайати кишварашро роҳбарӣ мекард.

Ҷасади Мансур Назаров (Боксёр)-ро аз зиндони Хуҷанд ба хонааш бурдаанд

Мансур Назаров дар гузашта раиси корхонаи “Нафт”-и Конибодом ва раиси корхонаи таъмири қаторҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд будааст
Мансур Назаров дар гузашта раиси корхонаи “Нафт”-и Конибодом ва раиси корхонаи таъмири қаторҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд будааст

Маъмурони зиндони шаҳри Хуҷанд ҷасад ё пайкари Мансур Назарови 59-сола, машҳур бо лақаби “Боксёр” ва раиси собиқи як корхонаи тобеи “Роҳи оҳан” дар вилояти Суғдро ба наздиконаш супурдаанд.

Яке аз наздикони Мансур Назаров рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бояд ҳамин ҳафта аз боздошт раҳо мешуд. Маъмурони зиндон сабаби марги ӯро “хунравии аз ҳад зиёд” гуфтаанд.

Мақомот сабаби марги ӯро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Мансур Назаров соли 2017 бо иттиҳоми роҳзанӣ (рэкетир) дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боздошт ва ба он гунаҳкор дониста шуд, ки соли 1994 як соҳибкори маҳаллиро дар Конибодом барои надодани "ҳақ" (доля) "то мурдан задааст".

Додгоҳ соли 2019 ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард. Наздиконаш бовар доранд, ки "ба ӯ туҳмат шудааст".

Як тан аз наздиконаш, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Мансур Назаров дар зиндоне адои ҷазо мекард, ки бино ба хабарҳои расида, рӯзи 31-уми январи имсол се зиндонӣ дар онҷо кушта шуд.

“Ба гӯши мо як хабар расид, ки дар ҳамон ҷо гуё маъюб шудааст. Дигар чизе намедонем,” -- гуфт ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2017 дар як хабарнома гуфта буд, ки ҷиноятҳои Мансур Назаровро пас аз 23 сол ошкор кардаанд.

Назаров дар гузашта раҳбари корхонаи “Нафт”-и Конибодом ва раиси корхонаи таъмири қаторҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд будааст. Вайро дар зодгоҳаш, шаҳри Конибодом, бештар ҳамчун варзишгар мешинохтаанд.

Шӯрои уламо гуфт, Рамазон дар Тоҷикистон 19 феврал сар мешавад

Лаҳзае аз намозгузории сокинон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Лаҳзае аз намозгузории сокинон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломӣ бар асоси “далелҳои илмӣ” эълон кардааст, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал шуруъ мешавад. Қарор рӯзи 10-уми феврал содир шуд.

Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон нисоби закотро 64 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст. Аз ин пул бояд 1600 сомонӣ закот дода шавад.

Фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 72 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз) аст.

Шӯрои уламо барои касоне, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кард.

Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад. Зиёда аз навад дарсад аз аҳолии Тоҷикистон пайрави ин дин ҳастанд, вале солҳои охир мақомот аз афзоиши ифротгароии динӣ нигарон буда, садҳо нафарро бо ин гумон дастгиру зиндонӣ кардаанд.

Созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки мубориза бо ифротгароии исломӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва мухолифони низом истифода накунад.

Боздошти як кас ва фирори се нафар. Ҳодисаи нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дидбонгоҳе дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон
Дидбонгоҳе дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи чорнафарӣ аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишвар гузашта, як тани онҳо дастгир ва сеи дигар фирор кардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 10-уми феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии "Дарқад" дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рӯй дод.

Мақомот аз онҳо қочоқбар ном бурдаанд. "Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста ҳашиш мусодира гардид. Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи мақомот.

Ба иттилои расмӣ, дар ҷойи ҳодиса ду камераи резинӣ ҳам гирифта шудааст, ки "қочоқбарон ҳангоми убури сарҳад аз он истифода бурдаанд."

Тоҷикистон дар пайванд ба ҳодиса бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқ ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад парванда боз кардааст.

Феълан шарҳи ҷониби Афғонистон дастрас нест.

Ҳодисаи нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Дар ду моҳи охир бори севум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузориш мерасад.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар моҳи январ гуфт, чаҳор узви як созмони террористиро дар сарҳад бо Афғонистон маҳв кард. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати “Толибон”, онҳоро “қочоқбарони одӣ” номид.

Аз он пеш, дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.

Дар моҳи декабри соли гузашта низ аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон се ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ гаштаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯйӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд.

Тоҷикистон ин ҳодисаҳоро маҳкум кард ва аз "Толибон"-и ҳоким дар Афғонистон хост, масъулиятҳояшонро барои муҳофизати марз иҷро кунанд. Ҳукумати “Толибон” дар навбати худ “баъзе аз ҳалқаҳо”-ро гунаҳкор кард, вале аз касе ё гурӯҳе ном набурд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG