Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули муҳоҷирон кам мешавад, камбизоатӣ – бештар." Ояндаи Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?


Мардон дар ҷустуҷӯи кор. Душанбе, соли 2020
Мардон дар ҷустуҷӯи кор. Душанбе, соли 2020
Баъзе иқтисоддонҳо мегӯянд, 24-уми феврал, рӯзи ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина, барои Тоҷикистон ҳам ҳалкунанда шуд. Кишвар ба монанди пешина наметавонад, ба умеди пули муҳоҷирони корӣ шавад. Таҳримҳои сангини Амрико ва Ғарб ногузир иқтисоди Русияро ба рукуди давомдор дучор мекунанд ва Тоҷикистонро месазад, модели нави рушди иқтисодро барои худ пайдо намояд. Ҳоло, бино ба арзёбии созмонҳои байнулмилалӣ, пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст.

"Дар Бағдод оромист"?

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ки шароити иқтисоду тиҷоратро дар минтақа хеле бад кард, ним сол гузашт. Кишварҳои минтақа яке пайи дигар барномаҳои зиддибуҳронӣ таҳия карданд. Ҳамсояҳои Тоҷикистон ширкатҳои IT ва барномасозони варзидаро, ки аз Русия рафтанд, ба худ ҷазб мекунанд. Тоҷикистон, бинобар суръати кунди интернет ва нархи гарони он, аз ин раванд бенасиб монд.

Тоҷикистон моҳи марти имсол "Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ" таҳия ва тасдиқ кард. Дар баробари чораҳои дигар, дар ин санад ба Хадамоти алоқа дастур дода шудааст, ки хати алтернативии пайвастан ба интернетро тавассути Чин, Афғонистон ва масири Узбекистон - Туркманистон - Баҳри Каспий биёбад.

Дар ин росто ва умуман дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина тағйири чашмрасе мушоҳида намешавад. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалии шарики Тоҷикистон аз таъсири амиқи манфии буҳрони бархоста аз ҷанги Русия ба иқтисоди минтақа бонги изтироб мезананд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ – "Ҷанг дар минтақа" – дар робита ба Тоҷикистон навишт, "ҳамлаи Русия ба Украина сабаби 2 дарсад коҳиш ёфтани рушди иқтисод ва 40 дарсад кам шудани пули интиқолии муҳоҷирон дар соли 2022 хоҳад шуд."

Бар изофа, "боло рафтани арзиши сӯзишворӣ, хӯрокворӣ ва хадамоти молиявиву монеаҳо дар тиҷорат", ба пешбинии бонк, "даромади хонаводаҳоро кам ва камбизоатиро бештар мекунад".

Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ навиштаанд, дар чунин шароит "ислоҳот барои беҳтар кардани вазъи соҳибкорӣ" ва "мудирияти беҳтари идораҳои давлатӣ" барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳаётан муҳим хоҳад буд. Дар пешбинии Тоҷикистон тағйире нест. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоно пешбинӣ мекунад, ки иқтисоди Тоҷикистон имсол 7,9 дарсад рушд хоҳад кард.

"Рукуди иқтисоди Русия ин бор давомдор хоҳад буд"

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ин бор рукуди иқтисод дар Русия давомдор хоҳад буд. Буҳрони пешомада аз кулли буҳронҳои пешина фарқ мекунад ва Душанбе набояд минбаъд ба умеди Маскав ва пули муҳоҷиронаш аз Русия шавад.

Аюб Эгамов
Аюб Эгамов

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 24-уми июл гуфт, "он таҳримҳое, ки Ғарб ва кишварҳои пешрафтаи ҷоҳон нисбати Русия ҷорӣ карданд, собиқа надоранд. Асари манфии таҳримҳо ба иқтисоди Русия баъди чанд моҳ бештар зоҳир мешавад. Таъсири он қисман ҳоло ҳам мушоҳида мешавад. Ин таҳримҳо солҳои дароз мемонанд. Мумкин аст, Русия то 20 соли оянда зери таҳрим монад."

Эгамов афзуд, бо назардошти онки аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, Тоҷикистон набояд минбаъд ба пули муҳоҷирон такя кунад, балки ҷиддӣ аз пайи рушди иқтисоди худ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, "иттиҳодҳои зери назари Русия – Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – эҳтимол дар оянда пароканда шаванд. Аз ҳоло баъзе кишварҳо худро аз он берун кашида истодаанд. Масалан, Қазоқистон аз чанд созишнома бо Русия берун шуда истодааст, ки иқтисодаш зери таҳримҳо намонад. Нафти Қазоқистон мисли маркаи Русия баҳогузорӣ мешуд, ҳоло Қазоқистон талош дорад, тамғаи нафти худро дошта бошад, то зери таҳрим қарор нагирад."

Бинобар ин, ба таъкиди Аюб Эгамов, Тоҷикистонро месазад ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Миёна – Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон – бештар кунад. "Ҳоло Туркия кӯшиш дорад, роҳи алтернативие аз Чин ба Аврупо ва тавассути Осиёи Миёна кушояд. Бидуни марзи Русия. Тоҷикистон бояд талош варзад, ба ҳамин роҳ дастрасӣ ёбад ва ҳамкориро бо Туркия ва кишварҳои аврупоӣ тақвият бахшад," – шарҳ дод ӯ.

Кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро ба Украина, ки 24-уми феврал оғоз ёфт, беасос номида, ба зидди Маскав таҳримҳои зиёди иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

Ҳоло бисёре аз бонкҳои Русия, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои бузургу сарватмандони рус ва президент Владимир Путин таҳти таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ҳастанд. Ширкатҳои азими хориҷӣ, аз ҷумла "Макдоналдс", KFC, Reno ва Ford кори худро дар Русия бас карданд.

XS
SM
MD
LG