Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба содироти ғаллааш омода мешавад


Одесса
Одесса

Украина мегӯяд, бо вуҷуди ҳамлаи мушакии Русия ба бандари Одесса, нақшаи азсаргирии содироти ғалларо аз Одесса ва бандарҳои дигари Баҳри Сиёҳ идома хоҳад дод.

Намояндагони ду кишвар рӯзи 22-юми июл дар Туркия ва бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди содироти ғаллаи Украина ба созиш расиданд.

Вазири инфрасохтори Украина Александр Кубраков шоми 23-юми июл дар Фейсбук навишт, "мо омодагии техникиро барои оғози содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз бандарҳои худ идома медиҳем."

Пештар Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, ҳамлаи мушакиро ба бандари Одесса "ваҳшигарӣ" номид. Ӯ гуфт, ин ҳамла баёнгари он аст, ки ба Маскав барои иҷрои созишномаи содироти ғалла бовар кардан мумкин нест.

Ду мушаки русии "Калибр" дар наздикии як истгоҳи обкашӣ дар бандари Одесса уфтод. Ду мушаки дигарро нерӯҳои дифои ҳавоии Украина задаанд.

Як мақоми низомии Украина гуфт, мушакҳоро аз як киштии ҷангии Русия дар Баҳри Сиёҳ ва аз наздикии минтақаи ишғолшудаи Қрими Украина сар додаанд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 24-уми июл ҳамлаҳои мушакиро тасдиқ кард, аммо гуфт, "онҳо инфрасохтори низомиро дар бандари Одесса вайрон карданд."

Вай бе овардани далеле афзуд, "зарбаи дақиқ як киштии нерӯҳои дарёии Украинаро зад." Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Туркия гуфта буд, Маскав ҳамларо рад кардааст.

XS
SM
MD
LG