Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърифу танқид аз низоми бонкӣ ва вазъи иқтисодии Тоҷикистон. Кӣ ҳақ мегӯяд?


Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иддао доранд, ки бо истифода аз фишангҳое, ки дар ихтиёрашон ҳаст, низоми бонкии кишварро дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштаанд.

Фирдавс Толибзода, муовини раиси Бонки миллӣ, рӯзи 18-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар 6 моҳи имсол сатҳи таваррум 4,1 фисадро ташкил намудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 банди фоизӣ зиёд аст.

"Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз ва молҳои ғайрихӯрокворӣ 2,3 фоиз ба амал омад.",--афзуд, ӯ.

“Ин гап дурӯғ аст”

Таварруми 4,1 дарсадӣ аз сӯи муовини раиси Бонки миллӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки афзоши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия тай 6 моҳи ахир борҳо боиси нигаронии сокинон шудааст.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 18-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нишондоди раҳбарияти Бонки миллӣ дар мавриди сатҳи таваррум дур аз воқеият аст.

"Бубинед, ки нархи озуқаворӣ дар Тоҷикистон чӣ хел аст. Имрӯз мардум килои пиёзро 7-8 сомонӣ мехарад, пиёзе, ки ҳамасола то се сомонӣ зиёд намешуд. Ин ҳамааш беқурбшавии пул аст. Яъне воқеият ин аст, ки сатҳи таваррум аз нишондоди расмӣ бештар аст. Агар тамоми Бонки миллӣ бигӯянд, ки аз суръати беқурбшавӣ пешгирӣ кардаем, ин гап дуруғ аст. Зеро тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон 30 сол мешавад манфӣ аст.",--гуфт, Зулфиқори Исмоилиён.

Намояндагони Бонки миллӣ тавре дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ доданд, ҳамчун чораи пешгирикунанда барои коҳиши фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар ҳаҷми 3,3 миллиард сомонӣ музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматнокро баргузор намудаанд. Ба қавли Фирдавс Толибзода, муовини раиси Бонки миллӣ, ҳамчунин дар ҳаҷми 64 миллион долари ИМА ба ташкилотҳои қарзӣ асъори хориҷӣ фурӯхтаанд: "Дар баробари ин, барои паст гардидани шиддати қурб ва фишорҳо ба қурб коррексияи якдафъаина ба роҳ монда шуд."

Қурби доллар паст, вале рубл боло рафт

Бар асоси нишондодҳои Бонки миллӣ қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар моҳҳои январ-июни имсол ба андозаи 6,57 дарсад паст шудааст. Қурби рубли русӣ бошад, баръакс боло рафтааст. Намояндагони Бонки миллӣ расман дар бораи афзоши қурби рублӣ русӣ иттилоъ надоданд ва аз гуфтани омори рублҳои интиқолдодаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишвар низ худдорӣ карданд.

Дар Тоҷикистон аксар вақт далели гаронии нархҳоро ба афзоиши қурби доллар рабт медоданд. Вале дар бештар аз як моҳи ахир, ки қурби доллар ба таври назаррас поин омад, нархҳо баръакс боло рафтаанд. Сокинон низ бештар мепурсанд, ки чаро бо вуҷуди коҳиши қурби доллар, нархҳо арзон намешаванд?

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари иқтисодӣ мегӯяд, "дар Тоҷикистон, ки аксари соҳаҳо, бахусус воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, монополия шудааст, чашм доштани поинравии қимматҳо бо тағйирёбии қурби пул танҳо содагист."

Коршиноси Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки қурби асъори хориҷӣ ба нархи маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мешавад, метавонад таъсир гузорад, вале ба қавли ӯ, бо далели он ки дар Тоҷикистон танзими нархҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст, бо вуҷуди тағйирёбии асъори хориҷӣ нархҳо гарон боқӣ монданд.​

Муовини раис гуфт, гаронӣ хоси Тоҷикистон нест

Рӯзи 18-уми июл айни чунин савол ба муовини раиси Бонки миллӣ низ дода шуд ва ӯ аз баъзе кишварҳои хориҷӣ мисол оварда, посух дод, ки гаронӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои шарики тиҷорӣ ҳам боло рафтааст. Вай яке аз сабабҳои гаронии нархҳоро омили беруна унвон кард. Вале коршинос Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки набуди таҳлилҳои дурусти иқтисодӣ ва танзими нархҳо дар бозор аз сабабҳои гаронии маҳсулоти ватанӣ аст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Укрина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба низоми бонкдории Русия таъсир он ба бонкҳои Тоҷикистон низ расид. Коршиносон таҳияи як барномаи зиддибуҳрониро зарур меҳисобанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, барои пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ дар низоми бонкдорӣ нақша-чорабиниҳое омода доранд, вале ҷузъиёти онро шарҳ надоданд. Танҳо зикр намуданд, ки "барои мушкилоти ҷойдошта бо Русия бонкҳои Тоҷикстон 52 адад суратҳисоби худро дар дигар кишварҳо аз қабили Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Узбекистон кушодаанд."

Намояндагони Бонки миллӣ мегӯянд, дар ин нимсола аксари нишондодҳояшон ба таври мусбӣ ҷамъбаст шудааст, вале гаронии арзиши маҳсулот, норӯшаниҳо дар таъини қурби асъор, мушкили дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноку фоизи баланди он ва сари вақт барнагардонидани амонати муштариён дар бонкҳо аз масъалаҳоест, ки боиси интиқодҳо аз низомӣ бонкии кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG