Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коженов: Дар Русия қариб 1 миллион муҳоҷир ғайриқонунӣ ҳастанд


Вадим Коженов
Вадим Коженов

Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирон дар Русия, ба расонаҳо гуфтааст, ки соли гузашта дар ин кишвар наздик ба як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ сабт шуда буд. Ӯ нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон кӣ буданд ва сарнавишти онҳо чӣ шудааст.

То моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Русия дар пасманзари маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус эълон карда буд, ки сабти будубоши шаҳрвандонро дароз мекунад ва онҳоро барои ҳузури ғайриқонунӣ аз кишвар намеронад.

Соли гузашта садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бинобар ҳузури ғайриқонунӣ аз Русия хориҷ карданд. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, онҳоро беасос ё бо баҳонаҳои ночиз аз ин кишвар рондаанд.

Дар шаш моҳи имсол дар Русия 6 миллиону шашсад муҳоҷир сабт шудааст, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар будааст.

Бино бар ҳисобҳои гуногун ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG