Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов талош дорад, таҳримҳои Аврупо зидди ӯ бекор шаванд


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Чаҳор олигархи рус — Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Михаил Фридман ва Петр Авен аз додгоҳи Аврупо хостаанд, ки таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди онҳоро бекор кунад.

Нашрияи “The Wall Street Journal” дар ин бора хабар дода, навиштааст, шикояти олигархҳо ба таври алоҳида ба додгоҳ пешниҳод мешавад.

Алишер Усмонов ва хоҳараш Гулбаҳор Исмоилова илова ба бекор кардани таҳримҳо талаб хоҳанд кард, ки харҷи додгоҳӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар низ пардохт карда шавад.

"The Wall Street Journal" менависад, Усмонов талош дорад, то раванди баррасии шикояташро дар додгоҳ тезонад. Зеро ба гуфтаи ӯ, чандин қарордоди тиҷоратияш бар асари таҳримҳо қатъ шуда, дар натиҷа, се ширкати ӯ дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд. Моҳи гузашта додгоҳ дархости Усмоновро рад карда буд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Бритониё, Усмонов баъди шомил шудан ба рӯйхати таҳримшудаҳо, дар моҳи марти имсол як қатор дороиҳоро ба номи хоҳараш Гулбаҳор Исмоилова гузарондааст. Аз ҷумла, Исмоилова дар ҳоли ҳозир соҳиби киштии “Дилбар” мебошад, ки қаблан ба Алишер Усмонов рабт дода мешуд.

XS
SM
MD
LG