Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои гарм дар Туркманистон боиси талафи чорво шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гармии сахти ҳаво дар вилояти Балкан, дар ғарби Туркманистон, боиси талафи чорвои сокинон шудааст.

"Се рӯзи охир бар асари аз ҳад зиёд шудани ҳарорати ҳаво чорвоҳо талаф мешаванд", - изҳор доштааст сокини ноҳияи Сардори вилояти Балкан. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 17-уми июл гармии ҳаво дар ноҳия 44 дараҷа шудааст.

Маҷаллаи "Метеожурнал", ки шароити боду ҳаворо пайгирӣ мекунад, рӯзи 17-уми июл навишт, ҳафтаи равон ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои Туркманистон то ба 45-48 дараҷа гарм мешавад.

Қаблан хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар вилояти Марии Туркманистон низ ҳарорати ҳаво то ба 50 дараҷа гарм гашта, дар натиҷа талафи зиёди чорво ба қайд гирифта шудааст

XS
SM
MD
LG