Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гармии бесобиқаи ҳаво дар Осиё ва Аврупо. Испания мотами миллӣ эълон кард


Гармии бесобиқа дар Испания.
Гармии бесобиқа дар Испания.

Мавҷи гармои шадид ин шабурӯз кишварҳои зиёди аврупоӣ ва осиёиро фаро гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам рӯзи дувум аст, ки ҳарорати ҳаво дар бисёре аз минтақаҳо аз 44 дараҷа боло аст.

Кишварҳои Бритониё, Фаронса ва Ҳоланд пешбинӣ кардаанд, ки гармии ҳаво дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе дар бисёре аз минтақаҳои ин кишварҳо ба авҷи худ мерасад.

Мавҷи ахири гармо аз як ҳафта пеш кишварҳои Шимоли Африқо ва Ғарби Аврупо, ба вижа Марокаш, Португалия, Испания, Фаронса ва Бритониёро фаро гирифтааст ва рӯзи душанбеи 18-уми июл дар Фаронса бо расидани ҳарорати ҳаво ба 44 дараҷа, ба авҷи худ расид.

Дар Бритониё низ Созмони миллии ҳавошиносии ин кишвар барои аввалин бор ҳушдори "сурх" ё "қирмиз" содир кард, ки ба маънии вуҷуди "хатари марг" бар асари гармозадагӣ аст. Ин идораи давлатӣ пешбинӣ кардааст, ки гармии ҳаво дар рӯзҳои оянда дар ҷануби Бритониё аз 40 дараҷа боло меравад.

Дар Ҳоланд низ Муассисаи беҳдошти умумӣ ва муҳити зист ҳушдори гармо ва афзоиши ҳарорат аз рӯзи душанберо содир кардааст. Пешбинӣ мешавад, дар бархе минтақаҳои Ҳоланд гармии ҳаво дар рӯзи сешанбе ба 38 дараҷа бирасад.

Гармии сахт аз ҳама бештар дар Испания қурбонӣ доштааст. Пажӯҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Испания гуфт, гармии ҳаво алакай боиси марги 360 кас дар ин кишвар шудааст. Мақомоти ин кишвар рӯзи душанберо мотами миллӣ эълон карданд.

Илова бар марги даҳҳо нафар бар асари гармӣ, дар ҷангалзорҳои ин кишвар сӯхторҳо сар задааст. Рӯзи якшанбе гармии ҳаво дар Мадрид 39 дараҷа ва дар бархе минтақаҳои шарқии Испания ба беш аз 43 дараҷа расид.

Қабл аз Испания, ҳамсояи ин кишвар Португалия дар рӯзи панҷшанбеи гузашта шоҳиди гармии бесобиқаи 47-дараҷаӣ буд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии он кишвар, аз 7 то 13 июл 238 нафар дар натиҷаи гармии ҳаво ҷон додааст.

Дар бисёр кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон ҳам гармии бесобиқаи ҳаво сабт шудааст. Рӯзи 18-уми июл дар минтақаи Ободони Эрон ҳарорати қариб 50-дараҷаӣ сабт шуд.

Тоҷикистон ҳам имрӯзҳо гармтарин рӯзҳои солро паси сар мекунад. Рӯзи дуюм аст, ки ҳарорати ҳаво дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон ба 44 дараҷа ва аз он ҳам боло аст. Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки гармии ҳаво то 23-юми июл идома мекунад ва то 46 дараҷа боло меравад.

Мутахассисон мегӯянд, охирин бор соли 1944 ҳарорати ҳаво дар кишвар то 47 дараҷа расида буд. Он вақт чунин ҳарорати ҳаво дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритӯс сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG